Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз мебошад. Чунин гуфта шуд дар ҳамоиш оид ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Агентӣ.
Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди миллӣ таҷлил гардида, дар он роҳбарият ва кормандони Агентӣ иштирок намуданд.
Дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода доир ба арзишҳои фарҳангии Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, ваҳдат, созандагӣ ва рушди устувор, ҷойгоҳи ин ҷашни ҷаҳонӣ дар таҳкими дӯстӣ ва ваҳдату худшиносӣ сухан намуд.
Иброз гардид, ки Наврӯз на танҳо ҷашни ниёгон, балки омили муҳими таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди фарҳанги миллӣ дар замони муосир арзёбӣ мегардад.
Дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз намоиши анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллӣ пешкаши иштирокдорони базми наврӯзӣ гардонида шуд.
Ҳамзамон озмуни «Беҳтарин суфраи наврӯзӣ» ташкил карда шуд, ки ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Дар Вазорати адлия ҷашни Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Кумитаи рушди маҳал бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷашни Наврӯз ботантана таҷлил гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд






