Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд

Март 28, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 27 март бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор шуданд. Дар баробари гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ», варзишгарон дар намуди волейбол, бандкашӣ, дави наврӯзӣ байни занон, дави наврӯзӣ бо масофаи 3 км байни мардон, гурзбардорӣ ва кабкҷангу хурӯсҷанг  байни  ҳам рақобат намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар мусобиқаи волейбол дастаи ноҳияи Рӯшон -2 сазовори ҷойи якум, дастаи Рӯшон -1 сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Шуғнон сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва ҷом ҳавасманд карда шуданд.

Ҳамчунин ғолибони мусобиқаҳои дави наврӯзӣ, бандкашӣ ва кабкҷангу хурӯсҷанг бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.

Барои дарёфти шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» (3 электромобил) варзишгарон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва паҳлавонон аз Узбекистон байни ҳам сабқат намуданд.

Варзишгари Ҷумҳурии Тоҷикистон Шакармамад Мирмамадов маҳорати баланди худро нишон дода, яке аз шоҳҷоизаҳоро дар вазни +86 кг ба даст овард. Дар вазнҳои 71 кг ва 86 кг шоҳҷоизаҳо ба варзишгарони Узбекистон насиб гардид.

Варзишгароне, ки сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм шуданд, бо туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла яхдон ва телевизор қадрдонӣ гардиданд. Ҷавондухтарон низ бо туҳфаҳои гаронарзиш қадрдонӣ шуданд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Март 28, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд