Дар Душанбе ҳамоиши идонаи «Наврӯз — ҷашни сулҳу накукорӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси Филиали миллии Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур иқдоми идона таҳти унвони «Наврӯз — ҷашни сулҳу накукорӣ» бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Филиали миллии Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиши идона сокинону меҳмонони пойтахт аз фазои анъанавии Наврӯз баҳравар шуданд. Навои карнай танинандоз гардида, ба ҳозирин суманак — яке аз рамзҳои асосии ҷашни Наврӯз ройгон тақдим карда шуд. Сурудҳои дилнишин ва рақсҳои ҷаззоб ба ҳамоиш ҳусни тоза бахшида, муҳити фараҳбахши баҳору эҳёро ба вуҷуд оварданд.
Дар оғози ҳамоиш аз ҷойгоҳи ин ҷашни бостонӣ ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ, эҳёи табиат ва арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ёдоварӣ карда шуд.
Дар доираи ҳамоиш инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, ки дар он маҳсули дасти ҳунармандони шаҳри Душанбе ба маърази тамошо гузошта шуд. Намунаҳои мисгарӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, кордсозӣ ва сандуқсозӣ таваҷҷуҳи меҳмононро ҷалб намуда, аз ғановати фарҳанг ва анъанаҳои миллии тоҷикон дарак доданд. Аз ҷумла, дастархонҳои идонаи «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» низ бо тарҳи хос оро дода шуд. Ҳар яке аз анвои рӯйи дастархон маънои рамзии худро дошта, себ рамзи зебоӣ, сир рамзи тандурустӣ ва маҳсулоти нонӣ нишонаи фаровонӣ ва меҳмоннавозӣ маънидод гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Наврӯз ҳамчун яке аз ҷашнҳои куҳантарини мардумони минтақа имрӯз низ мардумро ба ҳамдилӣ, дӯстӣ, накукорӣ ва умед ба фардои беҳтар ҳидоят менамояд.
Ҳамоиши идона бори дигар собит сохт, ки ин ҷашн на танҳо оғози баҳор, балки айёми эҳёи маънавӣ, ҳамбастагӣ ва оғози корҳои неку созанда мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Дар Норак бахшида ба Наврӯз намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ! Суратгузориш аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин ҷашни ҷаҳонӣ дар пойтахт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ






