Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрели соли 2026 дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадафи чорабинӣ фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва дорои имконияти васеи сайёҳӣ мебошад. Фестивал инчунин ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, густариши фарҳанги меҳмондорӣ ва тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунад.
Чорабинӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозоршинос» баргузор гардида, ҳамоҳангсозии он ба зиммаи шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт гузошта шудааст.
Барномаи фестивал, ки аз соати 15:00 то 22:00 идома меёбад, силсилаи чорабиниҳои ҷолиби фарҳангӣ ва фароғатиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, баргузории шоу-консерти идона бо иштироки сарояндагони маъруфи ватанӣ ва ҳунармандони хориҷӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва хӯришҳои гуногун, шириниҳо ва нӯшокиҳои ташнагишикан пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон барои иштирокчиён ва меҳмонони фестивал барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз қабили бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳои шавқовар, барномаҳои сиркӣ ва театрӣ, сайру саёҳат бо асп, гӯшаҳои махсуси фароғатӣ барои кӯдакон ва дигар фаъолияти ҷолиб ташкил карда мешаванд.
«Dushanbe Navruz Fest» дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт ба яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ табдил ёфта, барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе фазои идона, фароғати хотирмон ва шиносоӣ бо фарҳангу анъанаҳои миллиро фароҳам меорад.
Маълумоти бештарро оид ба баргузории фестивал метавонед аз саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), Тик-Ток (dushanbe.travel), Х (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) дастрас намоед.
АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид






