Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷашни Наврӯз ботантана таҷлил гардид

Март 30, 2026 18:21

ДУШАНБЕ, 30.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки яке аз бузургтарин ҷашни миллӣ ва бостонии тоҷикон мебошад, бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохторҳои авиатсионии мамлакат ботантана таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Иштирокдорони базми наврӯзиро роҳбарияти шаҳри Душанбе ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо ҷашни ҷаҳонии Наврӯз табрик намуда, доир ба анъанаю суннатҳои наврӯзӣ ва ҷойгоҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар таҳкими дӯстиву рафоқат, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии халқу миллатҳое, ки дар ҳавзаи тамаддуни Наврӯз кору зиндагӣ менамоянд, сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки ҷашни бостонии Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои инсондӯстона, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёгон мебошад. Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои тоҷикон буда, таърихи беш аз 5-ҳазорсола дорад ва он дар давраи ҳукмронии шоҳаншоҳи пешдодӣ Ҷамшед зуҳур намудааст. Наврӯз ҷашнест, ки аз фарорасии фасли баҳор, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз мужда медиҳад. Ин аст, ки 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо ибтикори Пешвои миллат ва роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон шуда, дар саросари ҷаҳон бо шаҳомат таҷлил мегардад. Хусусан таҷлили ҷашни Наврӯз дар давраи Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷаллии тоза пайдо намуд ва тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси бостонии ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ аз имрӯзу фардо таҷлил менамоянд.

Иштирокдорони базми наврӯзӣ аз гӯшаю растаҳоеро, ки дар саҳни бинои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ороста ва ба маъраз гузошта шуда буданд, хусусан суфраҳои наврӯзӣ, гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ, аз ҷумла суманак, асбоби мусиқӣ тамошо намуданд. Санъаткорони шинохтаи мамлакат ва гурӯҳҳои ҳунарӣ барномаи ҷолиби консертии идонаро пешкаши иштирокдорони базми наврӯзӣ намуданд, ки он ба тантанаҳои идона шукуҳи тоза бахшид.

Тантанаҳои наврӯзӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ, хусусан ҷашни ҷаҳонии Наврӯз арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамояд, зеро тамоми ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ буда, метавонанд наслҳоро ба садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастию худшиносӣ ҳидоят намоянд. Ҷашни Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон эҳёи табиат, рӯзи нав, фараҳу шодӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, худшиносию ваҳдат ва ҳамзистии қавму миллатҳои гуногуни сайёра арзёбӣ мегардад.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 30, 2026 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд
Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд