Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд

Март 30, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ ва пухтани  суманак  бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил  намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқа хабар доданд, дар доираи ҳамоиши идона аз ҷониби сохторҳои он дастархони наврӯзӣ бо анвои гуногуни таомҳои миллӣ, аз ҷумла суманак, оши палав, шириниҳои суннатӣ, меваҳои хушку тар ва дигар ороиши рамзии баҳорӣ ороста шуд.

Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло иброз намуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ муждарасони эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав буда, дар таҳкими руҳияи ҳамбастагӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад.

«Наврӯз рамзи покии қалбҳо, эҳёи табиат ва оғози саҳифаи нави зиндагӣ мебошад. Мо бояд бо истифода аз арзишҳои ин ҷашни аҷдодӣ боз ҳам самаранок фаъолият намуда, дар рушди соҳаи алоқа ва пешрафти ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузорем», — изҳор дошт Исфандиёри Саъдулло.

Дар идомаи чорабинӣ байни сохторҳои Хадамоти алоқа озмуни «Дастархони беҳтарини наврӯзӣ» баргузор гардид. Иштирокчиён дастархонҳоро бо таомҳои миллӣ ва ороиши анъанавӣ зебу зиннат дода, маҳораташонро ба намоиш гузоштанд.

Бо қарори ҳайати ҳакамон филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар вилояти Хатлон ҷойи аввал, Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» ҷойи дуюм ва Корхонаи давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг» ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.

Ҳамзамон як зумра кормандони фаъоли соҳа барои хизматҳои назаррас бо унвонҳои фахрии «Устоди алоқа», Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 30, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд