Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид

Март 18, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз идома доранд. Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ин ҷашни бостонии миллат  бо риояи тамоми расму ойини миллӣ таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.

Дар саҳни муассиса намоиши наврӯзӣ бо дастархони миллӣ,  риояи суннатҳои қадимии аҷдодӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва баргузории бозиҳои шавқовару мусобиқаҳои варзишӣ ташкил гардида, Наврӯз бо руҳияи болида ва эҳсоси ифтихори миллӣ таҷлил карда шуд.

Директори муассиса Одил Сироҷиддинзода иброз намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт .

Таъкид карда шуд, ки ин ҷашни аҷдодии мо ҳоло дар саросари олам бошукуҳ таҷлил мегардад. Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мо маҳсуб шуда, аз замонҳои қадим то имрӯз бо арзишҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагию ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро ҷамъ меорад.

Дар ҷашни наврӯзӣ иброз гардид, ки Наврӯз достони пуровозаву оламгири ҳастии миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари мост. Наврӯз рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, бедорӣ бар ҷаҳолат, меҳру муҳаббат бар кинаву адоват ва хушнудӣ бар ғаму андуҳ аст.

Дар ҳамоиш як гурӯҳ хонандагони фаъолу болаёқат барои дастовардҳои назаррас дар озмунҳои фаннию фарҳангӣ бо Диплом ва сипосномаҳои муассиса қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ як зумра омӯзгорон низ бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

АКС: Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе

Март 18, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
НАВРӮЗ – ҶАШНИ ҚАДИМАИ ТОҶИКОН. Он чун мероси фарҳангии башарият арзиши бузург дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» доир шуд
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Дар Норак бахшида ба Наврӯз намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши идонаи «Наврӯз — ҷашни сулҳу накукорӣ» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд