Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Лондон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҷашни Наврӯзро таҷлил карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хабар доданд, зимни барномаи консертӣ инчунин суннатҳои наврӯзӣ, наворҳои видеоӣ аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон, гӯшаҳои фарҳангӣ, намоиши асарҳои рассоми Тоҷикистон Олим Камолзода ва пешниҳоди таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов ва самбӯса ба меҳмонон муаррифӣ карда шуданд.
Инчунин дар шаҳри Кембриҷ дар доираи Форуми Донишгоҳи Кембриҷ оид ба Осиёи Марказӣ ҷашни Наврӯз таҷлил гардид. Зимни он сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ гӯшаҳои фарҳангиро оро дода, таомҳои миллиашонро ба меҳмонони ҷашн пешкаш карданд.
Илова бар ин, дар чаҳорчӯби ҳамоиши мазкур оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ барои рушди иқтисодиёти «сабз» ҳамоиш доир гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ














Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд






