Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд

Март 30, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 30.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳангии тоҷикон» Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, чорабинии идона дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст меҳмонон бо намоиши дастархони идонаи наврӯзӣ, ки бо анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманак ва дигар шириниҳои суннатии тоҷикӣ ороста шуда буд, шинос шуданд.

Дар гӯшаҳои алоҳида намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва заргарӣ ташкил карда шуд, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Дар чорабинӣ иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва байналмилалӣ рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо мебошад. Маҳз чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии байни миллатҳо мусоидат намуда, барои муаррифии фарҳанги бойи тоҷикон дар хориҷи ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозанд.

Яке аз бахшҳои ҷолиби чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ буд, ки дар он духтарон бо либосҳои зебои атласу адрас ва чакан баромад намуда, зебоии фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ карданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстонаю халқӣ ва рақсу таронаҳои ҷаззоб табъи иштирокчиёнро болида гардонид.

Таъкид гардид, ки таҷлили бошукуҳи Наврӯз дар хориҷи мамлакат нишонаи арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон ва далели равшани ваҳдату ҳамбастагии тоҷикон дар саросари ҷаҳон мебошад.  Чунин иқдом минбаъд низ идома ёфта, дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангӣ байни халқҳо саҳми арзанда мегузорад.

 

 АКС: АМИТ «Ховар»

Март 30, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд