Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи давлатии шаҳри Бишкек маросими бошукуҳи ифтитоҳи Бозиҳои Делфӣ, ки яке аз муҳимтарин чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфуз фаъолона иштирок намуда, дар номинатсияҳои гуногун, аз ҷумла навохтани асбоби мардумӣ, фортепиано, сурудхонии мардумӣ, сурудхонии эстрадӣ, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳорат нишон дод.
Дар доираи омодагӣ ба ин чорабинӣ тамоми корҳои ташкилӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуданд. Маросими қуръакашӣ дар ҳама номинатсияҳо баргузор гардида, тартиби баромадҳои иштирокчиён муайян карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳ барномаҳои рангин, баромадҳои ҳунармандон ва муаррифии тантанавии ҳайатҳои иштирокчӣ манзур гардиданд.
Бозиҳои Делфӣ ҳамчун минбари муҳими байналмилалӣ барои дастгирии ҷавонони боистеъдод, густариши ҳамкории фарҳангӣ ва таҳкими дӯстии байни миллатҳо нақши муҳим мебозанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз аввалин Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай иштироки фаъол дошта, анъанаи ҳунариро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Иштироки имсолаи ҳайати ҷумҳурӣ идомаи мантиқии ин роҳ буда, таваҷҷуҳи махсусро ба рушди истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими равобити фарҳангӣ нишон медиҳад.
Ин рӯйдоди муҳими фарҳангӣ намояндагони ҷавону боистеъдодро аз кишварҳои гуногун гирд оварда, барои рушди санъат ва табодули фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам месозад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад






