Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 29 март бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ҷашни ниёгонамон- Наврӯзи ҷаҳонӣ бо риояи расму оинҳои қадимаи тоҷикӣ таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд.
Зимни чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим иштирокчиёнро ба муносибати соли нави аҷдодӣ — Наврӯз ва эҳёи табиат табрик гуфта, роҷеъ ба ин ҷашни байналмилалӣ ва мақоми он дар фарҳанги миллии тоҷикон маълумот дод.
Таъкид гардид, ки Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Маҳз бо ташаббусу иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардид.
Дар чорабинии наврӯзӣ гӯша ва барномаи фарҳангӣ ташкил шуда, ба иштирокчиён хӯрокҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон













«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






