Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд

Март 15, 2026 09:48

ДУШАНБЕ, 15.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо «Tbilisi Grand Slam»-2026, ки аз 20 то 22 марти соли 2026 дар пойтахти Гурҷистон баргузор мегардад, иштирок мекунанд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба ин мусобиқа то ҳол 413 варзишгар (242 мард ва 171 зан) аз 55 давлати панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохиланд, ки дар сабқати мардон рақобат мекунанд: Рамзиддин Азизов дар вазни то 60 кг, Ёсин Бобокалонов ва Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг, Сайфиддин Сайфиддинзода ва Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг, Ардашери Ҳамза ва Озаррахш Ҳомидов дар вазни то 90 кг.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишонҳои биринҷӣ бо 1500-евроӣ мукофотонида мешаванд. Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ғайр аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 15, 2026 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт