Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо ба зиёда аз 77,3 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 13,9 фоиз ё 11,5 миллиард сомонӣ зиёд шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гардиши савдо дар муомилоти пулии мамлакат барои мустаҳкамшавии арзи миллӣ низ мавқеи хосса дорад, зеро гардиши пулӣ бевосита бо хизматрасонии савдо, махсусан савдои чакана алоқаманд аст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 14,4 фоиз афзудааст.
Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба 65,7 миллиард сомонӣ баробар шуда, бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи ҷумҳурӣ 37,5 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ба маблағи 24,6 миллиард сомонӣ ташкил додаанд. Инчунин соли 2025 ба маблағи қариб 11,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти нафтӣ, 8,2 миллиард сомонӣ чорвои зинда, 2,5 миллиард сомонӣ автомобилҳо, мототсиклҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, 622,2 миллион сомонӣ хизматрасонии техникӣ ва таъмири автомобилҳо ва ба маблағи 18,1 миллиард сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шудаанд.
Дар ин давра гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 6455,8 сомонӣ рост омадааст.
Таносуби бештари гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо асосан ба шаҳри Душанбе (28,7 фоиз) ва вилояти Хатлон (27,9 фоиз) рост омадааст.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад






