Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 25.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон шуруъ аз даҳаи охири моҳи март кишти пундбадона оғоз мегардад. Дар мамлакат соли 2026 тибқи нақша дар 186 800 гектар пунбадона кишт карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Пахтакорӣ бахши сердаромади соҳаи кишоварзии мамлакат буда, рушди он барои таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани мардум ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад. Пахтаро бештар барои нах парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Ба таҳлили коршиносон, кишоварзони мо таҷрибаи хуби пахтапарварӣ доранд ва агар ҳосили баланди онро таъмин намоянд, метавонанд аз он даромади хуб гиранд.
Коршиноси соҳаи кишоварзӣ Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта — ин муҳлати кишт, интихоби дурусти навъи чигит ва сари вақт ба анҷом расонидани корҳои агротехникӣ мебошад. Барои кишт бояд ҳамон навъҳое интихоб карда шаванд, ки минтақабоб бошанд, нисбатан тезтар пухта расанд, ҳосили баланд ва сифати хуби нах низ дошта бошанд. Инчунин шарти дигаре, ки марди деҳқон ба он таваҷҷуҳи бештар равона менамояд, ин риояи муҳлати кишти чигит мебошад. Солҳои охир кишоварзони мамлакат кӯшиш менамоянд, ки муҳлати кишти чигитро барвақттар оғоз намоянд. Агар муҳлати кишти пунбадона барвақт оғоз шавад, ин сабаби кишти такрорӣ мегардад.
Ба тавсияи мутахассисон, барвақт кишт намудани чигит барои рӯёнидани ҳосили хуб имкон намедиҳад. Аз ин рӯ бояд қабати болоии замин то 10 сантиметр чуқур ва на камтар аз 12 то 14 дараҷа гарм бошад.
Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки чигит бояд дар муддати 8 ё 10 рӯз аз замин неш зада барояд. Агар муҳлати барориш тӯл кашад, масалан то 15 ё 20 рӯз, дар ин ҳолат чигит пӯсида, ба касалиҳои гуногун гирифтор мешавад. Инчунин он ниҳоле, ки аз замин неш зада мебарояд, бо ҳолатҳои тағйирёбии иқлим мубориза бурда наметавонад.
Тибқи мушоҳидаҳои олимон, як сабаби камҳосилии пахта- ин риоя нагардидани зичии ниҳолҳо мебошад. Баъд аз он ки чигит хуб инкишоф ёфт, обмонӣ ва додани нуриҳои минералию органикӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Бояд гуфт, ки агар растанӣ дар аввал солиму мустаҳкам бошад, он хуб нашъунамо ёфта, ҳосили фаровон медиҳад. Барои растании солим ғизодиҳӣ бояд сари вақт ва бо меъёрҳои муайянгардида иҷро карда шавад. Дар бештари ҳолатҳо кишоварзон инкишофи сусти чигитро дида, якбора ба обмонӣ шуруъ мекунанд, ки ин хато мебошад. Агар мо оби аввалро ба замин дертар диҳем, чигит дар замин бештар реша давонда, аз қисмати поёни замин об ва ғизоро ҷаббида мегирад.
Зикриёхон Ҳайдаров чунин мешуморад, ки олимони моро зарур аст дар самти офариниши навъҳои устувор ба ҳарорати баланд селексия офаранд. Навъҳои истеҳсолнамудаи олимони тоҷик ин хусусиятро кам доро мебошанд. Навъҳое, ки аз хориҷа ворид мегарданд, то андозае ин хусусиятро доранд, аммо онҳо дерпаз буда, имконияти парвариши солҳои минбаъдаро надоранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд






