Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. То 1 июни соли 2026 корҳои сохтмонӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинониро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ ба анҷом расонида, аз омодагии онҳо барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад. Чунин супориш дода шудааст ба сохторҳои дахлдор дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» аз 26 феврали соли 2026.
Дар ин қарор Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки тибқи дархости Федератсияи иттифоҳҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маблағҳоеро, ки барои ташкили истироҳати кӯдакон ва наврасон пешбинӣ шудаанд, ҷудо намояд.
Федератсияи иттифоҳҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муваззаф гардидааст, маблағҳоеро, ки аз буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷудо карда мешаванд, ҷиҳати харидории роҳхатҳо барои кӯдакону наврасон, аз ҷумла ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат, кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, кӯдаконе, ки дар мактаб-интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳти таъминоти давлат қарор доранд ва аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои дигар имкони молиявии харидории роҳхатҳоро надоранд, истифода намоянд.
«Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро таъмин намуда, барои самаранок гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъминоти истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ чораҷӯӣ намоянд», — омадааст дар қарор.
Ҳамчунин ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикист супориш дода шудааст, ки ҷиҳати таъмин намудани истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ бо мутахассисони зарурии тиббӣ ва назорати ҳолати санитарию беҳдоштии истироҳатгоҳҳо тадбир андешад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






