Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳо оид ба пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ва татбиқи методологияи таҳлили фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иброз гардид, ки дар вазорат бо мақсади пешгирии хавфҳои коррупсионӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар се марҳила – таҳлили шароити пешакӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионии мавҷуда ва баҳодиҳӣ бо таҳияи тавсияҳо барои бартараф намудани омилҳои номатлуб амалӣ мегардад. Дар айни замон марҳилаи аввал – таҳлили шароити пешакӣ идома дошта, дар назар аст, ки дар муҳлати як моҳ ба анҷом расонида шавад.
Изҳор шуд, ки ҳадафи асосии баргузор намудани ин таҳлил муайян намудани омилҳо ва шароитест, ки метавонанд ба зуҳури хавфҳои коррупсионӣ мусоидат намоянд. Такмил додани механизмҳои идоракунӣ ва назорати дохилӣ, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳияву татбиқи чораҳои муассир ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад.
Дар ҷаласа аз ҷониби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба моҳият ва тартиби гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, инчунин таҳияи нақшаи фаъолияти гурӯҳи корӣ ва тартиб додани ҳисобот оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод карда шуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






