ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд

Март 16, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» ва сабзкории хатсайрҳои сайёҳӣ дар шафати шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ дар ҳудуди шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, роҳи ёдгории Панҷакенти қадим бо иштироки даҳҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳазорҳо бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо  истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.

Ин иқдомро ширкатҳои сайёҳии «Панҷакент-интур» ва «Зарафшон маҷести травел»  дастгирӣ намуданд. Ҳамзамон дар шафати қитъаи роҳи маҳаллии Зимтӯд – Ғазза ва ҳудуди пойгоҳи сайёҳии Симиганҷ беш аз 200 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи ороишии сӯзанбарги мутобиқ ба иқлими кӯҳӣ шинонида шуд.

Маъракаи ниҳолшинонию сабзгардонӣ идома дошта, ширкатҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент  низ дар ободонию хуррамгардонии диёр саҳм мегузоранд.

Бояд гуфт, ки «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон қабул гардида, тибқи Нақшаи амал дар қаламрави мамлакат то соли 2040 бояд зиёда аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида шавад. Ниҳолҳо на танҳо дар ҳудуди ҷангалзор, балки дар шаҳрҳо, канори роҳҳо, атрофи заминҳои кишоварзӣ ва минтақаҳои кӯҳӣ низ шинонида мешаванд. Ба дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ, ки ба иқлими хушки минтақа тобовар мебошанд, афзалият дода мешавад.

Мақсади асосии таҳияи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мубориза бо чангу ғубор, муътадилсозии иқлим, беҳтар сохтани вазъи муҳити зист ва коҳиши обшавии пиряхҳо мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Март 16, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд