ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд

Март 14, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин минтақа маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд¸ ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, роҳбарият ва масъулину сокинони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш иштирок намуданд.

Зимни суҳбат бо мақсади нашъунамои хуби ниҳолҳои шинонидашуда ба масъулини соҳа тавсияҳо дода шуд.

Айни замон бо истифода аз ҳавои мусоид дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдомҳои амалии ниҳолшинонву кабудизоркунӣ дар доираи нақшаи амали «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бомаром идома дорад.

Ҳамзамон, корҳои ободониву созандагӣ, тозагиву озодагӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни байнналмилаии Наврӯз вусъати тоза меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон қабул гардид.

Тибқи нақшаи амали ин барнома, дар қаламрави мамлакат то соли 2040 бояд зиёда аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида шавад. Ниҳолҳо на танҳо дар ҳудуди ҷангалзор, балки дар шаҳрҳо, канори роҳҳо, атрофи заминҳои кишоварзӣ ва минтақаҳои кӯҳӣ низ шинонида мешаванд. Ба дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ, ки ба иқлими хушки минтақа тобовар мебошанд, афзалият дода мешавад.

Мақсади асосии таҳияи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мубориза бо чангу ғубор, муътадилсозии иқлим, беҳтар сохтани вазъи муҳити зист ва коҳиши обшавии пиряхҳо мебошад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад