ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд

Март 3, 2026 14:11

ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  давраи то соли 2040» дар  мавзеи дашти Похути Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ  2000 бех ниҳоли дарахти  қарағоҷ шинонида шуд. Инчунин дар  шаҳраки Зарафшон-2-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон бо ташаббус ва дастгирии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия 500 бех ниҳоли дарахти  сӯзанбарги навъҳои сарвиноз ва арча шинонида шуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо  истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ сокинони ноҳия фаъолона иштирок  намуда, дар зебо гардонидани муҳити зист  саҳм гузоштанд.

Иқдоми ниҳолшинонӣ дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ мегардад. Барнома дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 баён гардиданд, таҳия шуда, мавриди амал қарор гирифтааст.

Ҳамзамон  аз ҷониби  ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ дар заминҳои хоҷагии ёрирасон  400 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ ва зардолу, ки ба иқлими ноҳия мутобиқ  мебошанд, шинонида шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 3, 2026 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад