ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025–2027 дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи арча шинонида шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, ин тадбир бо мақсади сабзу хуррамгардонии муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва ободу зебо гардонидани минтақаи деҳот амалӣ карда шуд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Ёвон аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид, ки иштирокчиён бо тоза кардани гирду атроф, ҷамъоварии партовҳо дар тозаю озода ва ободу зебо гардидани муҳити зист саҳми назаррас гузоштанд.
Таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо дар фасли баҳор намунаи барҷастаи ҳамкории мақомот ва ҷомеаи маҳаллӣ дар пешбурди тарзи ҳаёти сабз ва ҳифзи муҳити зист мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд






