ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Гулбаст як навъ матои пахтагини қадимии тоҷикон буда, бештар дар минтақаи Кӯлоб маъмул аст. Ин матоъро барои он гулбаст меноманд, ки гулҳои онро косибон бо тарзи бастан омода мекунанд.
Ба назари мардумшиносон, гулбаст сабз, сурхи сиёҳтоб ва зард мешавад. Бештар гулбасти сиёҳранги ҷигарӣ маъмул аст. Гулҳои гулбаст ба монанди Офтоб, Моҳ, шохча, бодом, тӯмор ва ғайра мебошанд. Барои омода намудани гулбаст дар аввал матои сафедро интихоб менамоянд. Сипас навъи нақш ё гулро интихоб мекунанд. Онро дар рӯи сони сафед ба тарзи сохти гули интихобшуда мечаконанд. Тарҳи гули чакондашударо бо ресмонҳои пахтагини сафед мебанданд ва ҳар як гулро дар алоҳидагӣ мебанданд. Пас аз банду басти гулҳо матоъро дар деге, ки дар он рангоба омода намудааанд, 15 дақиқа меҷӯшонанд. Онро аз дег гирифта, дар оби хунук тар намуда, дар ҷойи офтобрас меовезанд.
Косибон пас аз хунук шудани матоъ, гулҳои бастаро кушода, бо рангҳои сурхи ҷигарӣ , гулобӣ ё сабз онро оро медиҳанд ва баъди ин гулҳои рӯи матоъ маълум мегарданд. Бо мурури замон тарзи омода намудани гулбаст аз қадим фарқ мекунад.
Гулбаст воқеан ҳам либоси зебо ва нодирест. Он либоси сирф мардумӣ буда, онро бештар дар навоҳии ҷануби мамлакат истеҳсол ва ба бар мекунанд. Гулбаст ҳамчун матое, ки бо санъати нодир омода карда мешавад, шинохта шудааст.
Тавре мардумшиносон иброз медоранд, хусусияти ин ҳунар дар он аст, ки ҳангоми омодасозии гулбаст аз ягон қолаб кор намегиранд. То омодашавии як сару либоси пурра 10 рӯз заҳмат кашидан зарур меояд.
Ба андешаи бостоншиносон, гулбаст давоми ҳазорсолаҳо ва бо вуҷуди ин ҳама гирудори замонаҳо дар зеҳни мардум маҳфуз монда, то рӯзгори мо омада расидааст. Ба қавли занони куҳансол, гулбаст яке аз либосҳои ориёӣ маҳсуб мешавад. Ҳунари омодакунии гулбаст дар байни занон ҳоло низ дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат идома дорад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






