Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд

Март 25, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 25.03.2026/ АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон дар шаҳри Норак бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳри Норак бо расми хоси тоҷикона пешвоз гирифтанд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти неругоҳ ба меҳмонон доир ба аҳамияти он дар таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва мавзеи зебоманзари неругоҳ маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамчунин ба хабарнигорони Қирғизистон вобаста ба таърихи бунёди неругоҳ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷдиду навсозии ин иншооти муҳими Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Таъкид гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Норак» дар дарёи Вахш бунёд гардида, дар он 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт-ро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки сафари хабарнигорони Қирғизистон дар Тоҷикистон  то 27 март идома меёбад ва онҳо ҳамчунин мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Варзобро тамошо менамоянд.

Ҳадафи асосии сафар таҳкими ҳамкории иттилоотӣ ва густариши робитаҳои дӯстона байни Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ мегардад.

Дар доираи сафар хабарнигорони Қирғизистон дар намоишҳои Ҷашни байналмилаии Наврӯз дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор низ иштирок намуда, бо суннату ойинҳои қадимии Наврӯз, расму анъанаҳои миллӣ ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд.

Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ боздид карда, ба фазои идонаи наврӯзӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.

Боздиди хабарнигорони Қирғизистон аз Тоҷикистон сафари ҷавобӣ мебошад. Ба ҳамин монанд гурӯҳи хабарнигорони Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 ба Қирғизистон сафар намуда буданд.

 

Манижа БАҲРОМЗОДА,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Март 25, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад