ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»

Март 24, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 март дар Тоҷикистон Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шудааст. Дар ин робита бояд ёдовар шуд, ки то соли 2040 дар доираи нақшаи амали «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бояд дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида шавад. Дар доираи барнома ва мутобиқ ба нақшаи амали он, ки солҳои 2025-2027-ро дар бар мегирад, дар ҷумҳурӣ 10 миллиону 927 ҳазору 758 бех ниҳол шинонида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».

Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки ҳадафи асосии он пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим, мубориза бо чангу ғубор, муътадилсозӣ, беҳтар сохтани вазъи муҳити зист ва коҳиши обшавии пиряхҳо мебошад.

Тибқи ин барнома, ниҳолҳо на танҳо дар ҳудуди ҷангалзор, балки дар шаҳрҳо, канори роҳҳо, атрофи заминҳои кишоварзӣ ва минтақаҳои кӯҳӣ низ шинонида мешаванд. Ба дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ, ки ба иқлими хушки минтақа тобовар мебошанд, афзалият дода мешавад.

Мавриди тазаккур аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол иқдоми ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Як ҷавон – як дарахт» баргузор гардид.

Тавре масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз доштанд, иқдоми «Як ҷавон – як дарахт» на танҳо маъракаи мавсимии ниҳолшинонӣ, балки ҳаракати умумиҷумҳуриявӣ дар роҳи бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмини рушди устувори кишвар мебошад. Баргузории ин иқдом дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомаром идома дорад.

«Ҷалби васеи ҷавонон ба чунин иқдомҳои созанда метавонад ба сарсабз гардондани кишвар, беҳтар шудани вазъи экологии шаҳрҳо ва деҳот, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии ватандӯстонаи насли ҷавон мусоидат намояд»,-иброз доштанд дар Кумита.

21 феврали соли равон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чунин иқдоми экологиро дар пойтахт гузарониданд.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, масъулини сохторҳои дахлдор дар шаҳри Душанбе, инчунин ҷавонон, донишҷӯён, хонандагон, варзишгарон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуда, дар ҳудуди ҷудошудаи «Боғи Ғалаба» ниҳолони дарахтони ҳамешасабз шинониданд.

Пеш аз оғози ниҳолшинонӣ иброз гардид, ки ҳадафи асосии ин гуна тадбирҳо на танҳо зебо намудани муҳити зист, балки бедор кардани ҳисси масъулият дар байни мардум оид ба ҳифзи табиат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 13 марти соли равон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарият, масъулини сохторҳои дахлдор, сокинони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш маъракаи васеи ниҳолшинонӣ баргузор шуд. Дар натиҷаи ин ҳашари ниҳолшинонӣ дар ҳудуди ноҳияҳои минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд.

Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан ворид карда шуда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонида мешаванд. Гулу буттаҳо ва дарахтони ороишии воридшуда ба мавзеъу маҳалҳо ҳусни тоза мебахшанд ва ҳам барои саломатии инсон фоидаовар ҳастанд. Ин иқдом дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ амалӣ мешавад. Аз ҷумла, аввали моҳи марти соли равон дар Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд. Дарахтони шинонидашуда аз кишвари Эрон дастрас гардид. Нархи як дарахт 1500 сомонӣ аст.

Фатония (номи илмӣ: Photinia) дарахти ороишӣ буда, ба кӯчаву хиёбонҳо ҳусни тоза мебахшад. Ин растанӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Эрон барои сабзазор ва девори зинда (живая изгородь) истифода мешавад. Баргҳои нави ин дарахт ранги сурх ё сурхи равшан доранд, баъдтар сабз мешаванд. Баландиашон маъмулан аз 2 то 5 метр мерасад. Дар баҳор гулҳои сафеди майда медиҳад. Гармиро дӯст медорад ва ба он обёрии муътадил лозим аст.

Барои татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» Вазорати нақлиёт бояд дар маҷмуъ дар саросари мамлакат 5 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонад. Вазорати нақлиёт ва муассисаю корхонаҳои тобеи он солҳои 2025-2027 бояд 360 ҳазор, аз ҷумла соли равон 120 ҳазор бех ниҳол шинонанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз аввали соли равон онҳо дар қитъаҳои гуногун ва шафати шоҳроҳҳои мамлакат 26 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд