«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.1025 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Нурафшон, шоҳроҳи Исфара ва Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Исфара дар маҷмуъ 1200 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маъракаи ниҳолшинонӣ бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2040» ба хотири сабзу хуррамгардонии муҳити зист гузаронида шуда, дар он роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинону кормандони идораю муассисаҳои шаҳри Исфара фаъолона иштирок намуданд.
Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист инчунин бо парвариши ниҳолҳо дар ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара шинос шуданд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, ниҳолхона дар 1 гектар ташкил гардида, то имрӯз дар он 28 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ, аз қабили санавбар, сарвинози шарқӣ ва ғайра парвариш карда мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд






