Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
ДУШАНБЕ, 18.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо истифода аз дастгоҳи лойқабарор (земснаряд) дар ҳавзҳои таҳнишин корҳои муҳими тозакунии лой ва таҳшинҳоро анҷом дода истодаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» хабар медиҳад.
Дастгоҳи лойқабарор — дастгоҳи махсусест, ки монанди киштӣ дар рӯи об фаъолият мекунад. Ин дастгоҳ барои баровардани лойқа аз қаъри ҳавзҳо истифода бурда мешавад. Кормандони корхонаи «Обу корези Душанбе» бо ҳисси баланди масъулият шабу рӯз меҳнат намуда, барои беҳтар гардидани фаъолияти низоми обтаъминкунӣ ва нигоҳдории иншооти муҳими пойтахт саҳми арзанда мегузоранд.
Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ва таъмини сокинони пойтахт бо оби босифати нӯшокӣ пайваста талош менамоянд. Мутахассисони корхона барои саривақт бартараф намудани садамаҳои дар қубурҳои обгузар рухдода тадбирҳои муҳим меандешанд. Онҳо шабу рӯз, дар ҳама гуна шароити обу ҳаво, бо эҳсоси баланди масъулият барои расонидани оби нӯшокии тоза ба хонаҳои сокинони шаҳри Душанбе заҳмат мекашанд. Дар ҳар лаҳза – шабу рӯз, сардиву гармии ҳаво омодаанд садамаҳоро бартараф созанд, қубурҳоро таъмир намоянд ва ҷараёни устувори обро таъмин кунанд, то пойтахти мамлакат бе об намонад.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри заҳмати сангини шабонарӯзии онҳо расем. Ҳар яки мо вазифадорем, ки обро сарфакорона истифода барем ва ба чоҳҳои оби корезӣ партов напартоем. Махсусан, ашёҳое ба монанди салфетка, чӯб, уребчаҳо, линчаҳои холӣ ва дигар партовҳо, ки метавонанд сабаби басташавии шабакаҳо ва ба вуҷуд омадани садамаҳо гарданд.
Фарҳанги истифодаи обро нигоҳ дорем ва ба заҳмати сангини кормандони ин корхона эҳтиром гузорем.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд






