Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд

Март 27, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ – фароғатии маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.

Чорабинӣ бо боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ оғоз ёфта, ҳар як муассисаи таълимии ноҳия дастархони идонаи худро бо рамзҳои наврӯзии «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» оро ва намунаҳои гуногуни ҳунарҳои дастию хӯрокҳои миллиро намоиш дод.

Муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода иброз намуд, ки Наврӯз дар баробари ҷашни эҳёи табиат, мактаби бузурги ахлоқиву маънавӣ ба шумор рафта, инсонҳоро ба сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, покизагӣ ва накукорӣ ҳидоят менамояд.

Дар ин замина, аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, нақши Наврӯз дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва худшиносии ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.

Дар идомаи чорабинӣ як зумра омӯзгорони фаъоли ноҳия бо унвонҳои соҳавию ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, ғолибони озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» бо диплом қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Март 27, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд