МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд

Март 31, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 31.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 78-и ноҳияи Фирдавсӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бо судяҳои Суди ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз суди ноҳия хабар доданд.

Дар вохӯрӣ судяҳои Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдулвоҳид Сатторзода, Алимардон Сафарзода ва Ҷумъахон Ҷамилзод аз таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат нисбат ба соҳаи маориф, тарбияи дуруст ва дониши мукаммал гирифтани насли наврас, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбият намудани ҷавонон, ҳамчунин арҷ гузоштан ба фарҳангу забони миллӣ ва сарфаю сариштакорӣ ёдовар шуданд. Иброз гардид, ки ин мавзуъҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ ба шумор мераванд.

Ҳамчунин масъулин оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот дар мамлакат, рушд ёфтани тамоми соҳаҳо, сол то сол коҳиш ёфтани камбизоатӣ ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор андешаронӣ намуданд.

Кормандони Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зимни ҳамоиш волидонро даъват намуданд, ки дар риояи қонунҳои миллӣ масъулияти баланд дошта бошанд ва дар тарбияву таҳсили фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.

Таъкид карда шуд, ки вазъи ҷаҳони муосир ва бархурди фарҳангҳо ҳар сокини мамлакатро ба он водор месозад, ки дар тарбияи насли наврас дар роҳи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва омӯзиши забонҳои гуногун нақш гузоранд.

АКС: Суди ноҳияи Фирдавсӣ

Март 31, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад