МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 / АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои муқаддас ва зебои фарҳанги миллии тоҷикон буда, ба фасли эҳёи табиат – оғози баҳори нозанин рост меояд. Ин рӯз рамзи муҳаббат, гармии қалб, покӣ ва садоқат ба ҳисоб рафта, мақоми модар ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат асоси тарбияи инсонро боз ҳам барҷастатар менамояд. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Муминзода зимни ҳамоиши тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар баён намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар ҳамоиш иброз гардид, ки нақши бузурги занону модарон дар таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа, тарбияи насли солим ва рушди мамлакат назаррас аст. Иброз гардид, ки модар сарчашмаи зиндагӣ, мураббии нахустини инсон ва чароғи роҳнамои ҳар фарзанд мебошад.
Гуфта шуд, ки эҳсоси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба бузургон, ғамхорӣ нисбат ба наздикон ва масъулиятшиносӣ маҳз аз оғӯши гарми модар оғоз мегардад. Модар бо меҳрубонӣ ва фидокории худ на танҳо фарзанд, балки ҷомеаро тарбия намуда, дар ташаккули шахсияти инсон нақши ҳалкунанда мебозад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занон дар ҷомеаи муосири тоҷик рӯз ба рӯз боло рафта, барои фаъолияти босамари онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Занону духтарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ дар рушди муассиса саҳми назаррас доранд. Дар айни замон дар донишгоҳ зиёда аз 300 зан фаъолият дошта, қариб 100 нафари онҳо дорои унвонҳои илмӣ мебошанд. Занон дар самтҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ бо масъулияти баланд фаъолият намуда, дар баланд бардоштани сифати таълим ва рушди фаъолияти илмӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар идомаи ҳамоиш як зумра собиқадорон, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди таълиму тарбия ва фаъолияти илмӣ бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон










Ба муносибати Рӯзи Модар дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ чорабинии идона баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Модар занону модарони фаъол қадрдонӣ карда шуданд
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи Модарро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд






