МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни фархундаи Рӯзи Модар чорабинии бошукуҳ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин бонк.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Модар дар ҳама давру замон рамзи бақо, сарсабзӣ ва хуррамии зиндагӣ мебошад ва ин ҷашн дар арафаи Наврӯз нишон медиҳад, ки фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ҳамеша бо давру замон ҳамоҳанганд.
Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд шудани мақоми зан – модар дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Боиси хурсандист, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханрониашон ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону духтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «мо нақши занони бонангу номуси Ватанро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи ҷумҳурирамон ифтихор дорем».
«Дар Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории занони кордону соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Ҳоло 252 нафар кормандони бонкро занон ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 34 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд», гуфт Фирдавс Толибзода.
Барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ муҳити идонаи ҳамоишро пур аз эҳсоси гармиву самимият намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






