НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд

Март 19, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз на танҳо таронаи оғози сол, балки симфонияи олами ҳастӣ, пайванди насли башар ва эҳёи табиат аст. Ин ҷашни бостонӣ бо таровати руҳбахши худ дилҳоро ба ҳам мепайвандад ва вуҷуди инсониятро аз нуру зиё саршор мегардонад.

Ривоятест, ки дар баробаршавии шабу рӯз лаҳзае ҳаст, ки замину осмонро боҳаловат ва ботароват мегардонад. Агар инсон бо дили пок ин лаҳзаро дарёбад, дари бахту иқбол ба рӯяш кушода мегардад. Хушбахтона, имрӯзҳо ин ривоят ба воқеият табдил ёфтааст.

Бо шарофати истиқлолу Ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин лаҳзае, ки инсонро бахту саодат мебахшад, оламро ботароват менамояд ва абадияти оламу одамро муҳайё месозад, дар ҳар рӯзи ҳаёти мо вуҷуд дорад.

Мо он лаҳзаҳои қиматтарини умрро, ки дар роҳи рафъи нофаҳмиҳо, хотима бахшидан ба ҷангу кинаҳо ва таъмини осмони софу беғубори сайёраамон, яъне дар партави сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ сипарӣ мешаванд, ҳамчун гавҳари бебаҳо қадр мекунем, зеро ин лаҳзаҳо бузургтарин сармояи инсоният ба шумор мераванд.

Аз ин ҷост, ки мардуми тоҷик давоми қарнҳо ба ин фасли зебову накуи сол бо дилгармӣ омодагӣ мебинанд. Ниёгони мо расму ойин ва ҳунарҳои зиёдеро аз насл ба насл то даврони мо мерос гузоштаанд, ки бештари онҳо маҳз ҳамчун суннатҳои наврӯзӣ омада расидаанд.

Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони Наврӯз таърихи куҳан доранд. Яке аз ойини муҳими Наврӯз ободонӣ ва тозагист. То рӯзи ҷашни Наврӯз ҳама ҷо ободу зебо мешавад. Дар маросими «хонабаророн» мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯзи фархундапай тамоми ҷиҳози манзилашон, курпаву гилемҳоро аз хонаҳо берун бароварда, офтоб дода, метаконанд, хонаҳоро тозаву озода намуда, деворҳоро сафед мекунанд. Ба зиёрати падару модар ва хешовандони калонсол рафта, ба табақаи ниёзманди ҷомеа дасти кумак дароз мекунанд. Дигар ойини Наврӯз ниҳолшинонӣ мебошад, ки имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромада, бештари солҳо аввалин шуда, шахсан Пешвои миллат ба ин маърака оғоз мебахшанд, ки бо шарофати он имрӯз Тоҷикистон ба биҳишти сарсабзу гулпӯш табдил ёфтааст.

Дигар расму ойинҳои мардумӣ дар Наврӯз, аз қабили дастҷамъона пухтани суманак, гулгардонӣ, омода намудани дастурхони наврӯзӣ бо «ҳафтсин»-у «ҳафтшин», пухтани таомҳои миллии далда, оши бурида, оши палав, баргузории бозиҳои миллии гӯштӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, чавгонбозӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ, бозиҳои наврӯзии тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабкҷанг, дигар намуди бозиҳои наврӯзӣ, ки таърихи тулонӣ доранд, маҳз бо шарофати ҷашни Наврӯзи фархундапай шукуҳи тоза ёфта, ҳар бинандаро ба ваҷд меоранд. Ба сари замин рафта, аз ҷониби бобои деҳқон пошидани донаи умед ва оғози киштукор дигар ойини неки наврӯзӣ мебошад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Исмоили Сомониву Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукуҳи тоза бахшид.

Қадамҳои устувор барои ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз дар Конфронси байналмилалии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Абузабӣ аз 28 сентябр то 2 октябри соли 2009 баргузор гардида буд, гузошта шуданд.

Дар ин ҷамъомад аз 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз тартиб дода мешавад, дохил карда шуд.

Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии якчанд мамлакати ҷаҳон 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон ба арзишҳои аслии Наврӯз — рафоқату дӯстӣ, бародарию баробарӣ, таҷдиди табиат, покӣ ва саховатмандӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ин таваҷҷуҳ ба ташаккули фарҳанги ҷашнгирӣ, ки аз хурофот ва расмҳои бемаънӣ холӣ бошад, мусоидат менамояд.

Бо эҳё намудани ҷашни бостонии мардуми тоҷик Пешвои миллат ба ҷаҳониён собит намуданд, ки ин сарзамини фарҳангхези аҷдодии мо сарзамини муқаддас аст.

Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёнажод аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

Дар баробари Наврӯз идҳои Меҳргон, Сада, Тиргон ва ғайра дар тамоми ҷумҳурӣ таҷлил карда мешаванд, ки ин нишона аз ниёгони тоҷикон мебошад.

Ин падидаи тоза моро водор менамояд, ки барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу таблиғи онҳо дар байни ҷаҳониён беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳем. Ягон гӯшаву канори мамлакати мо нест, ки дар он ҳунарманде набошад ва ҳар сайёҳе, ки ба ин диёр қадам мегузорад, аз дидори ин ганҷинаҳои маънавӣ баҳраи комил мебарад.

Аз ҷумлаи ин ганҷинаҳои бебаҳои миллӣ алочабофӣ, абрбандӣ, абрешимбофӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, арғушт, аспакбозӣ, байтбарак, баққолӣ, беқасаббофӣ, бозиҳои мардумӣ, бофандагӣ, гаҷкорӣ, гаҳворасозӣ, гулдӯзӣ, гилембофӣ, гулобкашӣ, гӯрғулихонӣ, гӯшворасозӣ, дегдонсозӣ, дуредгарӣ, дӯғкашӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, калобаресӣ, кандакорӣ, кафшдӯзӣ, китобдорӣ, кордсозӣ, кулолӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, латифагӯӣ, мисгарӣ, мӯйбофӣ, наботпазӣ, наққошӣ, оҳангарӣ, пойафзолдӯзӣ, пӯстиндӯзӣ, рехтагарӣ, сабадбофӣ, собунпазӣ, созтарошӣ, суманакпазӣ, сӯзанидӯзӣ, табақтарошӣ, танӯрсозӣ, хаймадӯзӣ, ҳалвогарӣ, чармгарӣ, чӯянгарӣ, ҷомадӯзӣ, ҷувозкашӣ, ҷӯроббофӣ, шонасозӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ мебошанд, ки ҳар яке бахше аз таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон аст.

Бештари ин ойину суннат ва ҳунарҳои миллӣ маҳз дар айёми фархундаи Наврӯз ба маъраз гузошта мешаванд ва фазои идонаро рангину дилпазир мегардонанд. Ин ҳунарҳо на танҳо зебоии ҷашнро меафзоянд, балки ҳамчун пайванди зиндаи гузаштаву имрӯзи миллат шахсияти фарҳангии моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро на танҳо ҳамчун ҷашни миллӣ, балки чун падидаи бузурги фарҳангии байналмилалӣ тавсиф менамоянд. Ин дидгоҳи фарогир ба рушди имконияти сайёҳӣ дар ин айёми фархунда заминаи мусоид фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар доираи ҳамкории байналмилалӣ, бахусус дар Созмони Милали Муттаҳид барои эътирофи Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ин дастоварди бузурги фарҳангӣ-сиёсӣ натиҷаи талошҳои пайгирона ва дипломатияи пурсамари мамлакат мебошад.

Таҳаввулоте, ки дар мақоми Наврӯз ба вуқуъ пайваст-табдили он аз як ҷашни маҳаллӣ ба падидаи ҷаҳонӣ бо талошҳои пайваста ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад.

Роҳбари давлат на танҳо ба эҳёи расму ойинҳои қадимаи Наврӯз таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, балки ба ин ҷашни бостонӣ мазмуни нави муосир бахшиданд, ки бо арзишҳои давлатдории миллӣ ва ҳадафҳои рушди устувор ҳамоҳанг мебошад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат ба ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои анъанавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ин таваҷҷуҳ ба рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо, эҷоди ҷойи нави кор ва ҳифзи мероси ғании фарҳангии миллат мусоидати фаъол мекунад.

Намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки махсус дар айёми Наврӯз баргузор мешаванд, на танҳо фурӯши маҳсулоти ҳунармандонро таъмин мекунанд, балки барои муаррифии шоистаи эҷодиёти онҳо дар байни меҳмонону сайёҳони ватаниву хориҷӣ низ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Таваҷҷуҳ ба Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ зарурати рушди инфрасохтори сайёҳиро ба миён овард.

Бо дастгирии Пешвои миллат солҳои охир меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои истироҳатӣ, роҳҳо ва дигар иншооти сайёҳӣ бунёд ва таҷдид мегарданд, ки ин раванд ба ҷалби бештари меҳмонони дохиливу хориҷӣ мусоидат мекунад.

Анъана ва ойинҳои мардумӣ, аз қабили маросими идона, ҷашнҳои миллӣ, мусиқии дилнишин, рақсҳои рангин, ҳунарҳои дастии беназир, либосҳои миллӣ ва меъмории анъанавӣ метавонанд барои сайёҳон манбаи ҷолибияти бузург бошанд. Инҳо унсурҳое ҳастанд, ки фарҳанги бой ва беназири ҳар минтақаро ба таври равшан инъикос мекунанд ва маҳз шиносоӣ бо чунин фарҳанги асил аст, ки сайёҳон ба ин сарзамин сафар мекунанд.

Кишварҳое, ки аз таърихи бой ва фарҳанги рангин бархӯрдоранд, маҳорати истифодаи анъанаҳои мардумии худро барои ҷалби сайёҳон ба хубӣ медонанд. Ин метавонад аз осори бостонӣ ва ёдгориҳои таърихӣ то фестивалҳои муосири фарҳангӣ ва рӯйдодҳои ҷолиби байналмилалиро дар бар гирад.

Рушди сайёҳӣ, ки ба ойинҳои мардумӣ такя мекунад, метавонад ба иқтисоди маҳаллӣ такони бузург бахшад. Ин раванд таҳияи маҳсулоти гуногуни сайёҳӣ, аз сафарҳои фарҳангӣ ва экскурсияҳои таърихӣ то хариди маҳсулоти ҳунарӣ ва ёдгориҳои мардумиро дар бар гирифта, ба рушди устувори минтақаҳо мусоидат мекунад.

Сайёҳӣ метавонад ба ҳифз ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ таъсири амиқ расонад. Вақте ки анъана ва ҳунармандӣ дар назари сайёҳон арзиш меёбанд, мардуми маҳаллӣ барои нигоҳдорӣ ва идомаи ин мероси гаронбаҳо ҳавасмандии бештар пайдо мекунанд. Ин омил метавонад ба эҳёи ҳунарҳои фаромӯшшуда, баргузории мунтазами фестивалҳои фарҳангӣ ва нигоҳдории босуботи маконҳои таърихӣ мусоидат намояд.

Сайёҳӣ барои мубодилаи фарҳангӣ байни сайёҳон ва ҷомеаи маҳаллӣ имконияти беҳамто фароҳам меорад. Ин мубодила метавонад ба таҳкими таҳаммулпазирӣ, эҳтироми мутақобил ва фаҳмиши амиқтари фарҳангҳои гуногун мусоидат намуда, ба рушди равобити байнифарҳангӣ заминаи устувор гузорад.

Наврӯз дар фасли баҳор, ки ба мавсими зебои эҳёи табиат рост меояд, барои рушди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳавои дилнишин, табиати рангин ва фазои пуршукуҳи идона метавонад шумораи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба таври назаррас афзоиш диҳад.

Сайёҳон дар ин айёми фархунда имкон пайдо мекунанд, ки дар ҷашнҳои мардумӣ иштирок дошта бошанд, бо мардуми маҳаллӣ ҳамсуҳбат шаванд, аз таомҳои анъанавӣ чашанд ва аз наздик бо расму ойинҳои қадима ва суннатҳои воло шинос шаванд. Ҳамаи ин барои онҳо таҷрибаи беҳамто ва фаромӯшнашаванда буда, дар хотираҳояшон то абад боқӣ мемонад.

Таҷлили Наврӯз ва риояи ойинҳои он дар дохили мамлакат ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ мусоидат мекунад.

Мардум бештар ба сайру саёҳат дар дохили мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, то ки бо фарҳанг ва анъанаҳои минтақаҳои гуногун шинос шаванд.

Наврӯз имконияти хубест барои намоиш додани фарҳанги бой ва анъанаҳои қадимаи кишвар ба ҷаҳониён.

Ҳангоми таҷлили Наврӯз расонаҳои байналмилалӣ ва сайёҳон аксар вақт дар бораи ин ҷашн ва ойинҳои он хабарҳо нашр мекунанд, ки ба таблиғи фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат мусоидат мекунад.

Наврӯз метавонад ба бренди миллӣ табдил ёбад, ки боиси ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба мамлакат ҳамчун макони сайёҳӣ ва фарҳангӣ хоҳад гашт.

Дар маҷмуъ, ойинҳои наврӯзӣ на танҳо як ҷашни фарҳангӣ, балки омили муҳимме барои рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими иқтисодиёт ва таблиғи фарҳанги мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

Наврӯз дар бисёр давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрон, Афғонистон ва ҳатто дар баъзе минтақаҳои дигари ҷаҳон, ки мардуми форсизабон ва туркзабон зиндагӣ мекунанд, бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардида, метавонад ба кишвар ҳамчун «дарвозаи фарҳангӣ» хизмат намояд.

Сайёҳон, ки ба Наврӯз таваҷҷуҳи бештар доранд, метавонанд ба кишварҳои дигари ҳамсоя низ сафар кунанд, ки ин ба рушди сайёҳии минтақавӣ мусоидат менамояд.

Ин ҷашни фархунда дар Тоҷикистон на танҳо ҷашни анъанавӣ, балки падидаи бисёрҷанба аст, ки арзишҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ҳатто экологиву иқтисодиро дар бар мегирад.

Он рамзи зиндагии нав, умед, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ буда, дар ташаккули шахсияти миллӣ ва иртиботи байни наслҳо нақши муҳим мебозад.

Дар замони муосир Наврӯз ҳамчун ҷашни давлатӣ ва умумимиллӣ ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги бойи тоҷикон мусоидат менамояд.

Маликшо НЕЪМАТЗОДА,
муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Март 19, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
НАВРӮЗ – ҶАШНИ ҚАДИМАИ ТОҶИКОН. Он чун мероси фарҳангии башарият арзиши бузург дорад
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд