НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
ДУШАНБЕ, 01.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Деҳаи зебоманзари Қаратоғ, воқеъ дар водии Ҳисор, ин мулки зарнисор зодгоҳи бисёр ашхоси маъруф мебошад, аз ҷумла онҳое, ки зиндагинома ва фаъолияташон ба адабиёт ва эҷод марбут аст. Дар Қаратоғ ба ҷуз устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода боз ду узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон- насрнавис Мустафо Назаров, мутахаллис ба Шарқӣ ва шоиру носир ва драманавис Ҳамид Обидӣ ба дунё омадаанд. Ҳамид Обидӣ низ чун Мустафо Шарқӣ, агарчи ҳамагӣ 37 сол умр дида, соли 1948 фавтидааст, аз худ чанд асар ба мерос гузоштааст. Аз ҷумла, Ҳамид Обидӣ муаллифи ду драма – «Пионер дар сарҳад» ва «Ғаюр» мебошад. Ин драмаҳоро дар якҷоягӣ бо А.Усмонов ва Б.Умарӣ офаридааст.
Ҳаммуаллифони Ҳамид Обидӣ киҳо бошанд ва оё асарҳои дигаре ба қалами онҳо тааллуқ доранд? Ҳарчанд пурсон шудам, касе намедонад. Аз рӯйи шунидам, Бурҳон Умарӣ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ кор карда будааст. Собиқадори матбуот, ҳоло Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо инро тасдиқ карда, гуфт, ки ӯро дидааст, вале шиносоии бевосита надоштааст. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки намояндагони насли имрӯза дар бораи ин ду нафар маълумот надоранд, зеро аз даврони зиндагию фаъолияти онҳо даҳсолаҳои зиёд сипарӣ шудааст.
Аммо ба ҳар ҳол, хуб мешуд, ки муҳаққиқон дар бораи А.Усмонов ва Б.Умарӣ маълумот пайдо кунанд. Ҳарчанд саҳми онҳо дар рушди адабиёт чандон калон набошад ҳам, онҳо низ сазовори ёдоварӣ ва зикри хайранд.
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






