Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Март 11, 2026 09:34

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ- бозёфти арзишманди фарҳанги давраи истиқлол» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар конференсия масъалаҳои эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллии тоҷикон- Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва Шаби Ялдо баррасӣ карда шуданд.

Дар маърузаҳои илмии олимону муҳаққиқон дар мавзуъҳои «Арзишҳо дар расму оинҳои Наврӯз», «Ваҳдатсозӣ ва бунёдкории Наврӯз», «Ҷашнҳои аҷдодии ориёӣ ва вижагиҳои таҷлили онҳо» ва Ташаббусҳои Тоҷикистон дар тарғиби идеяҳои Наврӯз» ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангии ҷашнҳои миллӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки ҷашнҳои миллии тоҷикон ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ, густариши арзишҳои маънавӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим доранд. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ ин ҷашнҳо бо мазмуну муҳтавои нав эҳё гардида, ҳамчун падидаҳои муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷомеа мақоми хосса касб намуданд.

Иштирокдорон баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар самти омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии миллат муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 11, 2026 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти астрофизика баррасӣ гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд