Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид

Март 2, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Рушди индустриалӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи муосир ва дурнамо» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар конференсия иброз гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ— расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати миллӣ ба рушди босуботи иқтисодиёт мусоидат намуд. Аз ҷумла, соҳаи саноат чун муҳаррики иқтисоди миллӣ бо таъсиси ҷойи нави кор, ворид намудани технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори содиротӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Экосистемаи саноатӣ ҳамчун механизми институтсионалии рушди саноатӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Заминаҳои назариявии татбиқи рушди индустриалӣ-аграрӣ дар Тоҷикистон» маърузаҳо пешниҳод гардида, ҷанбаҳои илмӣ ва методологии рушди мутаносиби бахшҳои саноат ва кишоварзӣ шарҳ дода шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Март 2, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд