Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд

Март 23, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз давоми  ҳазорсолаҳо аз насл ба насл то замони мо расидааст. Вақте ба таърихи пайдоиш ҷашни Наврӯз дар тамаддуни ориёӣ назар меафканем, мебинем, ки  оинҳои куҳани аҷдодӣ дар низоми давлатдории ниёгони мо мақому манзалати басе арзанда доштаанд. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро давоми садсолаҳо, ба монанди дигар арзишҳои фарҳангиву миллӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва боиси сарбаландии маънавии худ медонад.

Олимони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе оинҳои ҷашни Наврӯзро, ки дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд, ёдовар шудаанд.

Аввалин ёдгории қадимии мардуми тоҷик нақшсангҳо ба ҳисоб рафта, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти одамон дар онҳо инъикос гардидаанд. Масалан, дар нақшсангҳои минтақаи Бадахшон ва Рашт аз расми Офтоб сар карда, оинҳои зиёди наврӯзӣ дар онҳо инъикос  шудаанд. Чунин ҳолат дар катибаҳои рӯи харсангҳои Ҳафтрӯд низ ба хубӣ мушоҳида мешавад, ки ин расмҳоро беш аз 5 ҳазор сол пеш сакоиҳои ориёитабор ҳаккокӣ кардаанд ва ҳоло бо номҳои Тағмалӣ ва Соймалитош дар байни мардуми қирғизу қазоқ машҳур мебошанд. Агар мо ба расмҳои Тағмалӣ ва Соймалитош назар кунем, мебинем, ки наққошон дар ин ҷо манзараи ҷашни бузургдошти Наврӯзро тасвир кардаанд.

Ҷуфтбаророн аз қадим яке аз маросими бошукуҳ буда, то ҳол боқӣ мондааст, ки расми он дар ин деворнигораҳо акс ёфтааст. Мувофиқи ривоятҳо, Ҷамшед аввалин шоҳи ташкилкунандаи ҷуфт ва киштукор мебошад.  Дар ҷои дигар низ кашидани гов мушоҳида мегардад.

Унсури дигаре, ки хоси ҷашни Наврӯз буд ва дар деворнигораҳои қадим тасвир шудааст, рустании ҳум мебошад. Дар таҷлили Наврӯз аз рустании ҳум шарбат тайёр мекарданд, ки хосияти умрдарозкунандагӣ доштааст. Расми буттаи он дар танаи зарфҳои ба ҳазораи 6 то милод, ки мутааллиқи маданияти Хасуна, Ҷайтун ва Саразм аст, мушоҳида мешавад.

Дигар хусусияти Наврӯз тоҷи нурафшон бар сар кардан аст, ки аз офтобпарастии гузаштагони мо ва дар Наврӯз нурпош шудани он гувоҳӣ медиҳад. Хусусияти дар сар гул ниҳодан ва ба даст гул гирифтан, дар байни гулҳо нишастан ва дар сар гулчанбар гузоштан хоси Наврӯз мебошад. Инро дар базми деворнигораҳои толори маъбади Дилбарҷини замони Кӯшониён тасвиршуда мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин тасвир дар байни буттазор дунафарӣ – як зану як мард, ки шояд зану шавҳар бошанд, бо либосҳои фохири рангоранг, дар даст ҷоми май гарми суҳбат мебошанд.

Ҳамин ҳолатро дар деворнигораҳои маъбади худоёни Панҷакенти Қадим ҳам метавон мушоҳида кард. Дар ин ҷо ҷашнгирандагон мардҳо мебошанд, ки бо либосҳои гулдор дунафарӣ нишастаанд, дар мизҳо нону меваҷот гузошта шудаанд. Дар сар ва дастони баъзе аз онҳо хӯшаҳои ҷав (ҳамчун намунаи зироати зудпаз), барсам, сунбул ва косаҳои май аст. Муъбадон ба миҷмар анбари хушбӯй ҳамроҳ менамоянд. Дар болои сари ҳамаи иштирокдорон фарри наврӯзӣ дар ҳолати парвоз тасвир шудааст.

Дар деворнигораҳои толори кӯшки Бабаликтеппа низ иштирокдорони ҷашни Наврӯз тасвир шудаанд. Ин ёдгорӣ дар наздикии Тирмиз ҷой дошта, ба асрҳои 6-7 милодӣ мансуб аст.

Ёдгориҳои меъморӣ ва бозёфтҳои бостоншиносии Осиёи Марказӣ ва асарҳои санъати тасвирӣ шаҳодат медиҳанд, ки аз замонҳои қадим Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, инъикоси он дар санъати мусаввирӣ дида мешавад. Намунаҳои нодири нақшу нигоре, ки дар натиҷаи ҳафриёт аз  дигар минтақаю мамлакатҳо ёфт шудаанд, аз Наврӯзи гузаштагони мо гувоҳӣ медиҳанд. Таҳқиқу омӯзиши ояндаи онҳо барои равшан намудани масъалаҳои марбут ба ҷашни Наврӯз аҳаммияти бузург дорад.

АКС: Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 23, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз беназир аст
«ХИДИРАЙЁМ». Дар ноҳияи Шуғнон ойинҳои наврӯзӣ намоиш дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд