Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»

Март 22, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 март дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба сокинони мамлакат муроҷиат намуданд, ки мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад.

Дар ин росто, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси баланди миллӣ, иродаи мустаҳкам, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва давлат вазифаи муқаддаси ҳар яки мо – калонсолон ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат аз ҷавонон даъват намуданд, ки таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои ҷовидонии миллати худро омӯзанд, онҳоро густариш диҳанд, ҳамеша дар фикри азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар, соҳибӣ кардану обод намудани Ватан, пешрафти давлат ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ бошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 22, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид