«ХИДИРАЙЁМ». Дар ноҳияи Шуғнон ойинҳои наврӯзӣ намоиш дода шуданд
ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таълимии ноҳияи Шуғнон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд.
Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шукуҳ ва анъанаи хосса таҷлил мегардад. Дар ин минтақа Наврӯзро «Хидирайём» меноманд, ки маънои «иди калон» ё «иди бузург»-ро дорад. Омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз дар Бадахшон аз аввали моҳи март оғоз ёфта, маросими гуногунро дар бар мегиранд.
Дар барномаи фарҳангӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ойинҳои наврӯзӣ пешниҳод гардиданд. Дар барнома таомҳои хоси наврӯзӣ, аз ҷумла суманак, кочӣ, бат ё ҳалво, ширруған, боҷ ё далда ба намоиш гузошта шуданд. Ин хӯрокҳо маъмултарин ғизоҳои наврӯзӣ дар Бадахшонанд, ки бештари онҳо аз гандум, орд ва шир таҳия карда мешаванд.
Ҳамчунин бозиҳои наврӯзии кӯдакона бо номи «килоғузғуз» ё «талаб-талаб» намоиш дода шуданд. Иброз шуд, ки ҳангоми иҷрои ин намуди бозии наврӯзӣ наврасон рӯймолҳоро ба даст гирифта, аз равзана хона овезон намуда, тарона мехонанд ва соҳибхона бо шунидани он дар рӯйсарӣ шириние мебандад. Пас аз иҷрои ин маросим ба умеди соли хушу нек кадбонуи хона ба китфи наврасон орд мепошад.
Дар барномаи наврӯзӣ хонандагон либосҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.
Бояд гуфт, ки либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассуми расму ойин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон буда, аз давраҳои қадим то имрӯз зебоӣ ва назокату нафосаташро гум накардааст ва минбаъд низ аз байн намеравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






