Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»

Март 22, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 март дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад.

Дар идома бо ёдоварӣ аз фалсафаи аслии Наврӯз — «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ойину боварҳои осмонии инсонҳо баъдан аз он сарчашма гирифтаанд.

«Беҳуда нест, ки таҳкими ваҳдату дӯстӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва кумак ба ниёзмандон, аёдати беморон ва дастгирии ятимону маъюбон аз ҷумлаи беҳтарин суннатҳои инсондӯстонаи наврӯзӣ мебошанд, — хотирнишон намуданд Сарвари давлат. — Хусусан, дар шароите, ки ҷаҳони имрӯз ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ нисбат ба ҳар замони дигар ниёзи бештар пайдо кардааст, ин арзишҳои неку башардӯстонаи наврӯзӣ метавонанд ба инсоният хизмати арзишманд анҷом диҳанд».

Ба таъкиди Пешвои миллат, маҳз бо дарназардошти ҷойгоҳу аҳаммияти ин ойини дерина, тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯзро бунёд карда шавад.

Президенти мамлакат тавзеҳ доданд, ки ин иқдом на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки сармоягузорӣ ба ояндаи фарҳанги миллат мебошад, зеро танҳо ҳамон миллате фардои ободу осудаи худро таъмин карда метавонад, ки ойину арзишҳои фарҳангиву тамаддунии хешро ҳифз мекунад ва онҳоро таҳким мебахшад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 22, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад