Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 6 март шуруъ шуд, ки то 8 марти соли 2026 идома ёфтанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
6 март дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат карданд. Бозии дастаҳо бо натиҷаи мусовӣ ва бе гол хотима ёфт. Сипас дар ин варзишгоҳ дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Ду голи дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархорро ҳамлагар Шарафҷон Солеҳов аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонид. Дарвоқеъ, тӯби дар дақиқаи 12-ум задаи ӯ аввалин гол дар мусобиқаи имсолаи Лигаи олӣ ба шумор меравад.
Ду бозии дигари даври якуми чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 7 март баргузор шуданд. Бозии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи нави Лигаи олӣ – «Сардор»-и шаҳри Турсунзода дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳисоби мусовӣ- 0:0 хотима ёфт. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳарду голро нимҳимоятгар Парвизҷон Алиев дар нимаи дуюми рақобат ба нишон расонид.
Ҳамчунин ду бозии ниҳоии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 8 март доир гардид. Бозии дастаҳои футболи «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовӣ- 2:2 анҷом ёфт. Дар бозии охирини даври якум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олӣ се даста – «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – бо сеимтиёзӣ пешсафанд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 13-15 марти соли 2026 баргузор мешаванд. Мавсими нави Лигаи олӣ бо иштироки 12 даста дар ду марҳила доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар даста дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки дар мусобиқаи соли 2026 мақоми охиринро ишғол менамояд, ба Лигаи якум меафтад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи якуми чемпионати Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






