Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад

Март 30, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки занон – дипломатҳои ҳавзаи Наврӯз ва сафирони ин мамлакатҳо дар Тоҷикистон, ходимони илм, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ таҳти унвони «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» форуми байналмилалӣ доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум соати 08:00 оғоз меёбад.

Дар форум мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла саҳми занон дар эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, нақши оила дар нигоҳдории расму ойинҳои наврӯзӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи мероси ғайримоддӣ баррасӣ мегарданд.

Баргузории чунин форумҳо барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, таҳкими ҳамгироии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ва арҷгузорӣ ба саҳми занон дар рушди ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 30, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст