Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд.
Сарвари давлат дар саҳрои хоҷагӣ бо раванди корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шуда, ба деҳқонону кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тавсияҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус истеҳсоли пахта, яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2026 ҷиҳати ташкили истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳия сохтори кишти баҳории зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ гардид, ки тибқи он дар майдони қариб 20 ҳазор гектар кишти баҳории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад. Аз он 12450 гектарашро кишти пахта, 2250 гектар зироатҳои равғандор, 2700 гектар полезӣ, 20 гектар картошкаи барвақтӣ, 105 гектар сабзавот, 800 гектар зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад.
То имрӯз дар ноҳия дар майдони 750 гектар кишти баҳории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дидан карданд. Номгӯи зиёди сабзавоту полезӣ ва меваҷоти тару тозаи табиӣ ба намоиш гузошта шуд.
Кишоварзони ноҳия маҳсулоти худ, аз қабили сабзавот, меваи тару хушк ва тухмии зироатҳоро ба маъраз гузоштанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат талабот ба чормағзи заминӣ дар хориҷи кишвар зиёд аст ва мағзи он дар омода кардани маҳсулоти қаннодӣ васеъ истифода мешавад. Аз ин хотир, кишоварзонро барои истеҳсоли бештари ин навъи маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар ҳидоят намуданд.
Дар намоиш маҳсулоти гуногуни нонӣ ва хӯрокҳои миллӣ низ пешниҳод карда шуд. Дар маҷмуъ ҳамаи ин самараи заҳмати садоқатмандонаи сокинон буда, аз фаровонӣ ва файзу баракат дар кишвари биҳиштосоямон гувоҳӣ медиҳад.
Истифодаи босамари замин имкон фароҳам овардааст, ки аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оранд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин ва гирифтани якчанд ҳосили дилхоҳ ҳидоят карданд.
Дар намоиши кишоварзӣ қурутҳои машҳури Мастчоҳ бо бастабандии замонавӣ ва ҷаззоб муаррифӣ гардида, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб намуд.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд






