Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд

Март 30, 2026 16:35

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муассиса бо иқдоми сокинони 4 деҳаи деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ – деҳаҳои Табушн, Сабағ, Валиғонд ва Истошон, саҳми соҳибкорону ашхоси саховатпеша тавассути ҳашари умумӣ бо лоиҳаи мутобиқ ба талаботи муосир бунёд гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати гарму самимӣ бо омӯзгорону хонандагон, масъулон ва падару модарон иқдоми сокинони ин деҳоти ноҳияи Мастчоҳро иқдоми шоистаю ватандӯстона, ғамхорӣ ба фарзандон ва намунаи ибрат номиданд.

Сокинону соҳибкорони ин деҳаҳо бо ифтихору сарбаландӣ аз неъмати таърихӣ – Истиқлоли давлатӣ сиёсати созандагии Пешвои миллатро намунаи олии ободонӣ баҳри истиқболи сазовору арзандаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Дар бунёди бино ва иншооти муассисаи нав ҳамаи 750 оилаи деҳаҳои Табушн, Сабағ, Валиғонд, Истошон ва соҳибкорону ашхоси саховатпеша аз ҳисоби пасандозу даромадҳо саҳм гузоштаанд. Аксари корҳои сохтмонӣ бо қувваи сокинони ин деҳаҳо анҷом дода шудаанд.

Бинои муассиса дорои 15 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толору майдони варзишӣ барои таҳсили 800 нафар хонанда дар ду баст мебошад.

Дар бинои нави муассиса 400 хонанда, фарзандони сокинони деҳаҳои номбурда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Ин хонандагон қаблан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40, воқеъ дар деҳаи “40-солагии Дилварзин” таҳсил мекарданд. Бо афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани шумораи хонандагон дар муассиса нарасидани ҷои нишаст ба вуҷуд омада буд. Бо бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 минбаъд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 дарсҳо дар ду баст сурат гирифта, барои гузаронидани маҳфилу машғулиятҳои иловагӣ шароит муҳайё гардид.

Ба муассисаи нав мебелу мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, маҷмӯи компютер бо принтерҳо, таҷҳизоту лавозимот ва аёнияти кабинетҳои фаннӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд датрасу таъмин гардид.

Дар саҳни муассисаи нав марказ ва майдони дарсҳои омодагии ҳарбӣ тасис дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорон ва сокинони деҳаҳои мазкур баҳри чунин иқдому амали ватандӯстона изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин анъанаю иқдомҳои созандагӣ рукни муҳими тамаддуни тоҷикон мебошад. Бахусус, таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба таълиму тарбияи фарзанд, маърифати фарзандон ғамхорӣ ба ояндаи неки миллат аст.

Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 дар ноҳияи Мастчоҳ 30.03.2026

Март 30, 2026 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад