Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз иброз намуданд, ки «Наврӯз на танҳо ҷашни эҳёи табиат ва замони баробаршавии шабу рӯз аст, балки ҷашни марди деҳқон ва оғози мавсими корҳои кишоварзию боғдорӣ ба ҳисоб меравад».
Сарвари давлат ба кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки бо замин сарукор доранд, аз ҷумла шахсоне, ки соҳиби заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ мебошанд, таъкид намуданд, ки «бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор самаранок истифода баранд».
Ҳамчунин Пешвои миллат иброз намуданд, ки мо бояд барои ба даст овардани ҳосили фаровон, яъне зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани бозори истеъмолӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҳарчи бештар саъю кӯшиш намоем.
«Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки вазъи ҷаҳони муосир рӯз ба рӯз мураккабу ҳассос гардида, дастрасии аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ торафт душвор мешавад. Бинобар ин, мо бояд аз тамоми захираву имконияте, ки дар ихтиёр дорем, аз ҷумла аз ҳар қитъа замин ва об самараноку оқилона истифода намоем», — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






