ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?

Март 2, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокини  пойтахт будан  на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузургро  эҳсос намудан аст. Зеро ҳар меҳмоне, ки ба давлати мо меояд, сараввал ба рафтору гуфтори   мардуми шаҳрҳо, бахусус сокинони пойтахт ва ба фарҳангу арзишҳои миллии мо баҳо медиҳад. Аз ин хотир,  мо бояд  дар иҷрои фарҳанги шаҳрнишинӣ масъулияти баланд дошта бошем. Аз ҷумла, дар тозаю озода  нигоҳ  доштани майдончаҳои варзишӣ, ки дар онҳо кӯдакону наврасон бемалолу бехатар бозӣ карда, аз оворагардию машғул шудан ба корҳои беҳуда дур мешаванд. Маҳз ба ин хотир бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҳазорҳо майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шуданд. Мутаассифона, дар баъзе маҳалҳо майдончаҳои варзишӣ аз беназоратӣ ё камтаваҷҷуҳии сокинону бошандагон хароб гардидаанд.

Бо ташаббусу  роҳнамоиҳои  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чанд соли охир  дар назди биноҳои истиқоматӣ шумораи зиёди майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Тавре муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамммадтолиб Шокирзода иброз намуд, то 1 декабри соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ 11 ҳазору 280 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 7966 адади онро майдончаи варзишӣ ташкил медиҳад.

Бояд иброз намуд, ки бархе шаҳрвандони мамлакат ба ҷои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ, баръакс,  дағалрафторию беэътиноиро пеша намудаанд. Онҳо тозагиро дар ин  майдончаҳои варзишӣ  риоя накарда, фарзандони худро  оид ба эҳтиёт намудани таҷҳизоти ин макон, ки барои истифодаи омма нигаронида шудааст, таъкид намесозанд. Маълум аст, ки дар муҳити  ифлос бозӣ  кардани кӯдакон  сабаби  ба ҳар гуна  бемориҳои сироятӣ  гирифтор  гардидани онҳо мегардад.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода дар хусуси беаҳамиятӣ зоҳир намудани сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ба тозагии атроф изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки « баъзе майдончаҳои варзишӣ дар муддати кӯтоҳ дар ноҳияҳо таъмирталаб шуда, таҷҳизоти барои бозии кӯдакон пешбинишуда дар онҳо шикастаю корношоям гардидаанд. Бо назардошти ин ҳолат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар чор ноҳияи пойтахт барои нигоҳдории ин гулгаштҳо муассисаҳо ташкил ва ба  онҳо шахсони масъул вобаста карда шудаанд.  Баъд аз таъсиси ин муассисаҳо он мушкилоту камбудиҳое, ки қаблан дар майдончаҳои варзишӣ мавҷуд буданд, бартараф гардиданд. Ҳоло танзим ва назорати майдончаҳои варзишӣ ба меъёри муайян даромадааст.

Зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Директори муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» Аловиддини Аваз иброз намуд, ки барои нигоҳдошти гулгашту майдончаҳои варзишӣ дар муассисаҳои назди мақомоти шаҳру ноҳияҳо шахсони масъул барои нигоҳубини онҳо вобаста гардидаанд.

«Дар баробари ин мо дар байни сокинони маҳаллаҳо пайваста суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Аз ҷониби муассиса оид ба тарзи дуруст истифода бурдани майдончаҳои варзишӣ дар шаҳраку маҳалҳо вохӯриҳо баргузор карда мешаванд. Инчунин роликҳои таблиғотӣ барои дуруст истифода бурдани майдончаҳо ба воситаи телевизион пахш  мегарданд»-илова намуд ӯ.

Ба андешаи роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, пойтахт оинаи давлату миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир сокини пойтахт бояд ҳамеша дар рафтору гуфтор  намунаи ибрат ва дорои фарҳанги воло бошад.

«Тавре аз мушоҳидаҳо бар меояд, на дар ҳама маҳаллаҳо барои нигоҳдошти чунин иншоот бо масъулияти ҷиддӣ муносибат мекунанд, аз ин рӯ қисмати зиёди онҳо вайрону валангор мешаванд. Аз ин хотир дар мактабу муассисаҳои таълимӣ бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонида шавад, ки ҳар иншоот бо заҳмату маблағҳои муайян сохта шудааст, аз ин хотир онҳо бояд нисбат ба он муносибати дилсӯзона дошта бошанд. Масалан, чӣ гуна рафтор намудан дар нақлиёти ҷамъиятӣ, гаштугузор дар шаҳр, муносибат дар хобгоҳу ҳуҷраҳои иҷоравиро бояд фаҳмонид. Инчунин дар ин самт ронандагони воситаҳои нақлиёт низ набояд бетарафӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд қоидаҳои ҳаракати роҳро дар шаҳр риоя намуда, дар ҷойҳои пиёдагард, чароғаку аломатҳои роҳгузар ҳаракати нақлиёташонро хуб идора намоянд», — иброз намуд Абдураҳмон Хонзода.

Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки мақомоти интизомию дахлдор бояд барои ба низом даровардани рафтори шаҳрвандон дар байни мардум кор бурда, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда он нафаронеро, ки нисбат ба  майдончаҳои бозию варзишӣ чунин муносибати ношоистаро раво мебинанд, танбеҳу ҷазо диҳанд, то барои дигарон панд гардад.

Дар воқеъ, ҳамарӯза мо мушоҳида менамоем, ки бархе ҷавонону сокинони пойтахт рафтори аз доираи ахлоқ берун намуда, одитарин меъёрҳои фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намекунанд. Масалан, партовҳоро дар ҳар куҷое, ки хоҳанд, мепартоянд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо овози баланд ҳарф мезананд, ҳатто нисбат ба якдигар дашному суханони қабеҳ раво мебинанд, ки боиси таассуф аст.

Дар робита ба ин сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт Алоҳида Нозимова изҳор намуд, ки сокини шаҳр будан ифтихору сарбаландӣ аст ва дар баробари ин масъулияти зиёд низ талаб менамояд.

«Мутаассифона, на ҳама сокинон одобу рафтори шаҳрнишиниро риоя менамоянд. Масалан, баъзе занони хонанишин бо баҳонаи ба ҳавои тоза баровардани кӯдакон соатҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ нишаста, бо дугонаҳои худ саргарми суҳбат мешаванд. Онҳо ба рафтору бозии кӯдаконашон тамоман диққат надода, одитарин қоидаҳои санитариро риоя намекунанд»,-мегӯяд ӯ.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, кӯдакон аз беназоратии волидайн ва атрофиён истифода бурда,  донаҳои офтобпараст, қуттиҳои холии об ва дигар ифлосиҳоро ба замину ҷӯйборҳо мепартоянд ва боз худашон ба дохили ин ҷӯйборҳо даромада, бо ин партовҳо соатҳо бозӣ мекунанд. Ин ҳама аз як тараф ҳусни атрофро коста намуда, аз тарафи дигар, сабаби пайдо гардидани ҳар гуна бактерияю бемориҳои сироятӣ мегардад

Коршиносон ба он назаранд, ки ободу зебо гардондани атроф ва рафтори шоиста намудан дар ҷомеа бояд аз хурдӣ дар дили ҳар  фард ҷо дошта бошад. Албатта, барои он нафаре, ки дар хурдӣ аз падару модар тарбияи дуруст гирифта бошад, ҳар гӯшаи Ватан азизу муқаддас буда, ҳаргиз ба ин гуна амали аз ахлоқ дур даст намезанад. Баръакс, кӯшиш мекунад, ки дар ободии ҳар гӯшаи  диёр саҳм гузорад. Аз ин рӯ падару модаронро мебояд аз хурдӣ кӯдаконро тарбияи дуруст намуда, ба роҳи рост ҳидоят созанд. Шинонидани ниҳолу аз сари роҳ дур намудани сангу чӯб низ сабаб мегардад, то кӯдак ҳамчун фарди ободкору созанда ба воя расад.

Муҳаммад Шарифзода наврасест, ки сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, вақтҳои холигӣ бештар дар майдончаи варзишии назди бинои истиқоматиашон ба бозии футбол машғул мешавад. Дар суҳбат бо мо модари ин наврас иброз намуд, ки писараш ба варзиши футбол завқу шавқи зиёд дорад ва бунёди майдончаҳои варзишӣ имкон фароҳам овардааст, ки фарзандаш дар назди ӯ ба тамрин машғул шавад.

Директори Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» Аловиддини Аваз изҳор намуд, ки барои аз дарс қафо намондани кӯдакон ҳангоми истифодаи майдончаҳои варзишӣ реҷа муайян гардида, яъне дар соати дарсии кӯдакон бозӣ дар онҳо маҳдуд карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати  баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии сокинон бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2000 «Маромномаи сокини пойтахт» қабул гардид, ки он хусусияти тавсиявӣ дорад. Сокинон ва меҳмонони пойтахт бояд ҳатман «Маромномаи сокини пойтахт» ва «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» -ро, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2008 тасдиқ гардидааст, риоя намоянд.

Қоидаҳои мазкур таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян менамоянд. Дар ин санад омадааст, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар кӯчаю маҳаллаҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳама шаҳрвандон ва шахсони мансабдор масъулият ва уҳдадорӣ маҳсуб мешаванд.

Мувофиқи нишондоди боби сеюми «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои нигоҳдории хонаҳои истиқоматӣ, минтақаҳои атрофи бино, зиддисӯхторӣ, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панҷараи зинаҳо ва дигар ҷойҳои мавриди истифодаи умумро таъмин ва бо таҷҳизоти техникӣ эҳтиёткорона муносибат намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 2, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МОДАР ВА ФАЛСАФАИ МЕҲР. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Модар
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад