Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
ДУШАНБЕ, 20.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Мо дар мамлакат ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз – ойини бостонии аз аҷдоди ориёиамон бамеросмонда мебошад. Ва метавон гуфт, ки ин ду падида ду боли парвози мо дар масири таърих ба шумор мераванд. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз.
Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷашни Наврӯзи имсола ҳамчун омили муҳимми худшиносиву худогоҳии тоҷикон аҳаммияти хосса пайдо мекунад.
«Чунки соли 2026-ро мо «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон кардаем», -изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






