Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон муҳтарам Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Хабари даргузашти сиёсатмадори маъруф, муовини Сарвазири Cалтанати Умон Сайид Фаҳд ибни Маҳмуд Оли Саид боиси ғояти андӯҳи мо гардид.
Марҳуми олиқадр бо фаъолияти доманадори худ дар мансабҳои баландпояи давлатӣ дар раванди рушду пешрафти давлати Умон саҳми босазо гузошта, дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он обрӯву эҳтироми шоиста пайдо карда буд.
Мо талошҳои пайвастаи марҳумро ҷиҳати роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Умон қадр мекунем ва дар хотир хоҳем дошт.
Бинобар ин талафоти гарон ба Шумо ва мардуми бародари Умон ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Парвардигори маннон барои пайвандону наздикони шодравон шикебоӣ ва сабри ҷамил мехоҳам».








Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






