Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст

Март 17, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои ҳимояи ҳуқуқи мизоҷон дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Маркази тамос (Call centre) фаъолият мекунад, ки дар ҳолати пайдо шудани мушкилот мизоҷон метавонанд бо рақами кӯтоҳи 1885 тамос гирифта, масъалаи худро баён намоянд,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи бозомӯзӣ ва рушди кормандони идораи методология ва бозомӯзии кормандони Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Амриддин Зайниддинов.

Амриддин Зайниддинов иброз медорад, ки илова бар ин ҳар рӯзи шанбе аз соати 09:00 то 12:00 тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти «Амонатбонк» шаҳрвандон қабул карда мешаванд. Зимни он мизоҷон метавонанд барои ҳалли дилхоҳ масъала ба раиси бонк, муовинони раис ва роҳбарони воҳидҳои сохтории бонк муроҷиат намоянд.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоии «Амонатбонк» мебошад. Аз ҷумла, дар иртибот ба Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15 март таҷлил мегардад, аз ҷониби «Амонатбонк» чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ гузаронида мешаванд. Хусусан барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, соҳибкорон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамоишҳои омӯзишӣ, вохӯриҳои иттилоотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда мешаванд. Зимни чорабиниҳо ба иштирокчиён оид ба ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон дар соҳаи хизматрасонии бонкӣ маълумот дода мешавад. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба гирифтани маълумоти пурра, ҳуқуқ ба сирри бонкӣ, ҳуқуқ ба бехатарӣ ва ҳуқуқ ба интихоб шарҳ дода мешаванд.

“Ҳамчунин тартиби муроҷиат ба бонк дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳсу мунозираҳо, фарқ намудани маҳсулоти бонкии манфиатнок, таваҷҷуҳ ба меъёрҳои фоизӣ ва шартҳои шартномаҳои амонатӣ ва қарзӣ, инчунин бартарияти пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамчун омили муҳими ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тавзеҳ дода мешаванд. Ба иштирокчиёни чорабиниҳо буклетҳо ва маводи иттилоотии маҳсулоти бонкии «Амонатбонк» низ дастрас карда шуда, ҳамзамон корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба хизматрасониҳои молиявии бонк дар байни аҳолӣ гузаронида мешаванд. Маълумот оид ба баргузории ин чорабиниҳо дар сомонаи расмии «Амонатбонк» ва шабакаҳои иҷтимоии он мунтазам нашр карда мешаванд”,-афзуд мусоҳиби мо.


Бояд гуфт, ки Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон яке аз санаҳои муҳим дар тақвими байналмилалӣ буда, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагон равона гардидааст. Таърихи ин сана ба фаъолияти ташкилоти байналмилалии Consumers International (CI), ки соли 1960 таъсис ёфтааст, иртибот дорад. Ин ташкилоти ғайритиҷоратӣ беш аз 60 сол аст, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолият бурда, қариб дусад ташкилоти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз зиёда аз 70 давлати ҷаҳонро муттаҳид менамояд. Ҳамзамон ташкилот дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва таълимӣ саҳми назаррас мегузорад.

Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1983 ҷорӣ гардидааст. Баъдан, 9 апрели соли 1985 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дастурҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон қабул намуд, ки боиси эътирофи расмии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар сатҳи байналмилалӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 15 мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил менамояд.

Ҳамзамон соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ танзим намуда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои дастрасӣ ба молу хизматрасонии босифат ва бехатар, гирифтани маълумоти пурра ва ҳимояи давлатии манфиатҳои онҳо муайян менамояд. Инчунин соли 2022 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, 15 март расман Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон эътироф карда шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Амонатбонк»

Март 17, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид