Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд

Март 30, 2026 17:58

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 200 кат барои табобати беморон пешбинӣ шудааст. Иншооти нав дорои 8 шуъбаи асосии тиббӣ мебошад, ки ба аҳолӣ хизматрасонии босифатро фароҳам меорад. Аз ҷумла, шуъбаҳои қабул бо ҳуҷраҳои функсионалӣ, таваллуд, бемориҳои занона, ҷарроҳии калонсолон, кӯдакона, урологӣ, инчунин шуъбаи эҳё ва наҷот фаъолият хоҳанд кард.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи иҷтимоӣ соли 2023 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шудааст.

Бинои нави беморхонаи марказӣ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, бо тамоми шароити муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар беморхонаи нав 5 ҳуҷраи муосири ҷарроҳӣ бунёд гардидааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ таъмин буда, имконият медиҳанд, ки амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур, барои беш аз 250 мутахассис кори доимӣ фароҳам гардид, ки ин ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии сокинон мусоидат мекунад.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ифтитоҳи чунин як маркази муосири тиббӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд. Зеро ин беморхона имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба маротиб беҳтар гардида, ниёзи аҳолӣ ба муолиҷа дар дохили кишвар пурра таъмин гардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба онҳо барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Саҳн ва атрофи бинои беморхона ободу сабзкорӣ гардида, бо насби чароғакҳои ороишӣ шабонгаҳ низ намои хеле зебо дорад.

Бояд зикр намуд, ки бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи беморхонаи марказӣ, ҳамчунин ду ҳавзи бузурги захираи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши умумии 2000 метри мукааб мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти муҳим барои таъмини беш аз 12 ҳазор аҳолии маҳаллаи Фирдавсии деҳоти Оббурдон бо оби тозаи ошомиданӣ хизмат мекунад. То ин муддат сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза яке аз масъалаҳои асосии рӯзмарраи онҳо ба ҳисоб мерафт. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ҳавзҳо, мушкилоти чандинсолаи мардум ҳалли худро пайдо намуд.

Иншооти мазкур дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон равона шудааст.

Мутахассисон таъкид менамоянд, ки бо ба истифода додани чунин иншооти зерсохторӣ, на танҳо сатҳи таъминоти об беҳтар мегардад, балки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо низ мусоидат хоҳад кард.

Сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз ин иқдоми созанда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ изҳори сипос карданд. Бо чунин корҳои ободониву созандагӣ, симои деҳот рӯз ба рӯз зеботар гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад.

Март 30, 2026 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад