Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд

Март 6, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 март Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафар ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди корҳои сохтмонӣ дар корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос гардид.

Корхонаи мазкур барои истихроҷ ва коркарди маъдани оҳану дигар маъданҳои ҳамроҳ ва истеҳсолу содироти маҳсулоти босифат аз он ба истиқболи ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ бо сармояи ватанӣ бунёд мегардад.

Тавре иттилоъ дода шуд, то ин замон қисми асосии корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, васлу насби хатҳои технологӣ идома доранд.

Бо бунёди ин корхонаи азим мавзеи кони Шоҳқадам, ки қаблан як макони ноободу харобазор буд, ба як шаҳраки пешрафтаи саноатӣ табдил меёбад.

Ба таъкиди масъулон, танҳо захираи маъдани оҳан дар ин кон наздики 60 миллион тонна мебошад.

Корхона дар ду марҳила бунёд ёфта, марҳилаи аввали он то соли 2027 ва марҳилаи дуюм то соли 2031 ба кор дароварда мешавад. Дар марҳилаи аввал, яъне солҳои 2027-2029 маҳсулоти нимтайёр ва то соли 2031 маҳсулоти тайёр бароварда мешавад. Тибқи нақша оянда, солона 850 ҳазор тонна арматура истеҳсол хоҳад шуд. Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ хоҳад буд. Ҳаҷми маъдани оҳан дар хока 62-65 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ин кон, ҳамчунин, дигар маъданҳои сиёҳ ва рангаи ҳамроҳ истеҳсол хоҳанд шуд.

Корхонаи мазкур ивазкунандаи маҳсулоти воридотӣ буда, қисми зиёди маҳсулоташ ба содирот нигаронда мешавад.

Пас аз ба кор даромадани марҳилаи аввали корхона 1200 нафар ва баъди пурра омода шудани он беш аз 2000 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Март 6, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд