Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд

Март 27, 2026 20:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 марти соли 2026 дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми Қазоқистони рақамӣ” («Digital Qazaqstan») иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар форум доираи васеи намояндагони кишварҳои гуногун, аз ҷумла сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, роҳбарони ширкатҳои пешбари технологӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва соҳибкорони соҳаи технологияи  рақамӣ иштирок намуданд.

Сарвазири Тоҷикистон баргузор гардидани форумро дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз рамзӣ арзёбӣ намуда, илова кард, ки Наврӯз аз оғози давраи нави ҳаёт мужда медиҳад ва дастовардҳои технологӣ бошанд боби наверо дар рушди кишварҳо мекушоянд.

Қоҳир Расулзода мавқеи устувори Тоҷикистонро дар рушди иқтисоди рақамӣ баён намуда, таъкид кард, ки дар кишвар бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025–2030 «Солҳои иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.

«Тоҷикистон инчунин гузариши рақамиро ҳамчун авлавияти миллӣ қатъиян муайян кардааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «Рақамисозии иқтисод ин талаботи замон ва муҳимтарин омил барои пешрафт мебошад»», — зикр намуд Сарвазири кишвар

Изҳор карда шуд, ки ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид, яъне қабули қатънома дар бораи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ҳамчун тасдиқи сиёсати кишвар дар пешбурди технологияи муосир пазируфта шудааст.

Дар зимн таъкид гардид, ки дар доираи ин ташаббуси глобалӣ дар Тоҷикистон аллакай Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия барои солҳои 2026–2027 тасдиқ карда шудааст.

Ҳамчунин аз нақшаи таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, фаъолияти Шурои миллӣ оид ба зеҳни сунъӣ, татбиқи ҳалли зеҳни сунъӣ дар идораи давлатӣ, рушди IT-парк ва омодасозии мутахассисони соҳавӣ ёдоварӣ шуд.

Дар идома Сарвазири Тоҷикистон зарурати вусъати ҳамкории технологӣ байни кишварҳои минтақа ва ташкили «Роҳи Рақамии Абрешим»–ро таъкид намуда, пешниҳод кард, ки ҳамкории кишварҳо дар самтҳои табодули таҷриба ва омода намудани кадрҳо, ҳамгироии платформаҳои рақамӣ ва содагардонии расмиёти электронии фаромарзӣ ва ҳамкории муштарак дар ҳисоббарориҳои абрӣ ва зеҳни сунъӣ фаъол карда шавад

Дар анҷом изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои форум ба рушди ҳамкории судманд дар минтақа ва таҳкими дӯстию бародарии кишварҳо мусоидат хоҳанд кард.

Март 27, 2026 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад