САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли баҳор дар Тоҷикистон мавсими нави саёҳати дохилӣ оғоз мегардад. Дар доираи он сокинон барои истироҳату фароғат, зиёрати оромгоҳҳои шахсиятҳои бузург, солимгардонӣ ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ба сафар мебароянд. Вобаста ба ин АМИТ «Ховар» ба сокинони мамлакат мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.
— Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои зиёди таърихие ба мерос мондаанд, ки як қисми онҳо аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд. Ин ёдгориҳо диққати сайёҳонро бештар ҷалб менамоянд. Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Хуттали Қадим, ки соли 2025 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд, аз ин ҷумлаанд. Номинатсияи мазкур 11 ёдгории бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад.
Ба ин номинатсия ёдгории таърихии Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа дохил мешаванд. Яке аз мавзеъҳои асосии номинатсияи мазкур маҷмааи бостоншиносии «Қалъаи Хулбук» – пасмондаҳои қасри пойтахти Хуттали Қадим аст, ки мероси он бо шарофати маҷмуи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардид.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, бо мақсади рушди сайёҳии таърихӣ Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии «Ҳулбук» пурра навсозӣ шуда, дар атрофи он инфрасохтори сайёҳӣ бунёд карда мешавад.
Ба иттилои директори агентӣ, соли 2025 дар шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносӣ гузаронида шуданд, ки дар натиҷаи ин ковишҳо садҳо ашёи гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили пораҳои зарфҳои шишагӣ, зарфҳои сафолии ороишӣ ва одӣ, хиштҳои гуногунандоза, ҳалқаҳои мисию биринҷӣ, мехҳои оҳанину мисӣ, ҳайкалчаи баррача ва осори фаъолияти ҳунармандон дар коргоҳҳои қадимӣ, ба монанди маъдангудозӣ, шишасозӣ, хиштпазӣ ва кулолгарӣ пайдо карда шуданд.
«Соли 2026 дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад», -афзуд Шералӣ Хоҷазода.
Шаҳри Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии замони давлати Сомониён буда, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик мақоми хос дорад. Дар ин хусус меъмории бошукуҳ ва бозёфтҳои нодири бостонии он шаҳодат медиҳанд.
Ҳулбуки бостонӣ дар ноҳияи Восеъ, дар шафати роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб қарор дорад. Он 16 гектарро дар бар гирифта, девори ҳимоявии қаср 2 метр паҳноӣ ва то 13 метр баландӣ дорад. Ҳудуди қаср 2 гектарро фарогир буда, манораҳои қалъа то 25 метр баландӣ доранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим — шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардида истодааст.
Девори иҳотавии атрофи қалъа панҷарабандӣ шуда, роҳравҳо ва майдонҳои дохили он аз ҷониби мутахассисони ҷалбшуда бозсозӣ ва сабзпӯш карда мешаванд. Маҳз ба хотири бузургдошт ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук бо Осорхона дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст.
Осорхона ва Қалъаи Ҳулбук ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ва ёдгории нодири таърихӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар ҷалб менамоянд.
Ба иттилои Шералӣ Хоҷазода, таъсири бевоситаи фанҳои табиатшиносӣ ва ҳандаса дар истеҳсоли кулолгарӣ, шишасозӣ, оҳангарӣ, инчунин дар тарҳ ва ороиши биноҳои Қасри Ҳулбук ва атрофи он бисёр хуб ба назар мерасад.
«Ҳама тасвирҳои анҷомдода табиӣ буда, бо иловаи истеъдоди ҳунармандони хатлонӣ зебоии нотакрореро таҷассум менамоянд. Маҳз ҳамин хусусият боис шудааст, ки ҳамасола боздиди теъдоди меҳмонону сайёҳони ватаниву хориҷӣ ба ин гӯшаи Тоҷикистон меафзояд», -афзуд ҳамсуҳбат.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, Қалъаи Ҳулбук ба асрҳои IX – XI мансуб мебошад. Вале ҳафриёти минбаъда собит намуд, ки қалъа дар болои иншооти қадимтаре сохта шудааст, яъне он аслан хеле пеш, шояд ҳазор сол қабл, дар аҳди Кӯшониён бино гашта, дертар таъмиру тармим шуда, ниҳоят дар шакли хеле пурвусъат азнав сохта шудааст.
Қалъаи бостонии Ҳулбук аз дигар иншооти қадимӣ ба куллӣ фарқ менамояд. Аксар вақт чунин бошишгоҳҳои мустаҳкамро дар буни кӯҳ ё дар баландии даромадгоҳи шаҳрҳо месохтанд ва онҳо аҳамияти мудофиавӣ доштанд. Аммо қалъаи Ҳулбук дар ҷойи ҳамвор сохта шуда, манзалати он чун пойтахти вилояти бузурге шинохта шудааст. Аз ин ҷост, ки дар Ҳулбук бозёфтҳои дорои таъйиноти ҳарбӣ хеле кам ба назар мерасанд ва баръакс, дар он тамоми нишонаҳои шаҳри мутамаддин мавҷуданд: деворҳои қалъаро меъморони қадим бо хишти хом бардошта, сипас бо хишти пухта рӯйкаш намудаанд.
Ҳонаҳои зиёди қалъа калону барҳаво буда, бо долон ба ҳам пайваст мешаванд, фарши он бо хишти пухтаи ҷилодор ороста шудааст. Деворҳои аксари утоқҳо бо тасвири манзараҳои нотакрор- табиати зебо, симои ҷанговарон, навозандагону раққосаҳои хушхиром, асбоби алоҳидаи мусиқӣ басе ҷолибу нотакрор буданд. Инчунин кошинкорӣ ва кандакорӣ бо гаҷ ба кулли кох ҳусни аҷибе мебахшид. Ин ҳама дар навиштаҷоти муаррихони қадим дучор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии «Ҳулбук» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 дар асоси димнаи Ҳулбук-пойтахти асримиёнагии Хатлонзамин таъсис дода шуд. Он дар соҳаи ҳифзу омӯзиш ва истифодаи мероси фарҳангии ниёгон дастоварди муҳим маҳсуб мешавад.
Дар назди ёдгории мазкур мағозаи «Армуғон» кушода шуд. Мағоза бо мақсади ҷалби бештари диққати сайёҳон ва такон бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардидааст. Аз ин пас ҳар сайёҳ имкон дорад, ки ҳамчун армуғон аз «Ҳулбук» туҳфае бо худ барад.
Шаҳри Ҳулбук мероси фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик, балки ҷаҳон ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки он моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешими ЮНЕСКО ворид гардид. Соли 2016 Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ҷоизаи «Global rating nomination»-и ЮНЕСКО- Идораи фарҳангии Созмони Милали Муттаҳидро соҳиб шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз беназир аст
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад






